ОЛАМИ МАҶОЗӢБритания истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ...

Британия истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои наврасони то 16-сола манъ карданист

-

Нахуствазири Британияи Кабир Кир Стармер эълон кардааст, ки ҳукумат ният дорад истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола маҳдуд ё манъ намояд. Ба гуфтаи ӯ, чунин платформаҳо ҷавононро ба муҳтавои хатарнок рӯ ба рӯ мекунанд ва бо усулҳое тарҳрезӣ шудаанд, ки вобастагӣ ба истифодаи онҳоро зиёд месозанд.

Тибқи тарҳи пешниҳодшуда, маҳдудият ба шабакаҳои маъруф, аз ҷумла TikTok, Instagram, Facebook, Snapchat, YouTube ва X татбиқ хоҳад шуд. Дар айни замон, хадамоти паёмрасонӣ ба мисли WhatsApp аз доираи қонун хориҷ хоҳанд монд.

Ҳукумати Британия умедвор аст, ки қонуни нав то охири соли ҷорӣ қабул гардида, аз моҳҳои аввали соли оянда ба иҷро дарояд. Ин иқдом пас аз таҷрибаи Автсралия амалӣ мешавад, ки моҳи декабри соли гузашта аввалин кишваре гардид, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои шахсони то 16-сола манъ кард. Ба иттилои расонаҳо, Канада низ ахиран чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ намудааст.

Паёми Павел Дуров

Ин дар ҳолест, ки муассиси паёмрасони Telegram Павел Дуров аз ин тасмим интиқод карда, гуфтааст, ки кӯдакон барои давр задани маҳдудиятҳо эҳтимолан ба истифодаи VPN рӯ меоранд ва ба муҳтавои ғайриқонунӣ ё хатарноктар дастрасӣ пайдо мекунанд.

Тибқи тарҳи қонуни нав, ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Британия бояд синни худро тасдиқ кунанд. Барои ин метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, скани чеҳра ё маълумоти корти бонкиро пешниҳод намоянд. Ин қисмати қонун низ баҳсҳои зиёдеро дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва озодии рақамӣ ба миён овардааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки баҳс миёни таъмини амнияти кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои рақамӣ дар солҳои наздик яке аз мавзӯъҳои асосии сиёсати интернетӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад