
Тибқи маҳзани маълумот, дар 6 моҳи соли равон 1628 санъаткор аз рӯйи фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосагӣ, баррандагӣ, наворбардорӣ дар ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёт дар базмҳои арусӣ ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди ин афрод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 340 нафар зиёд будааст.
Ба иттилои Ҷурабеки Ҷумъа, намояндаи Кумитаи андоз, маблағи андози ҳисобшудаи ҳунармандон 2 миллиону 639 ҳазор сомонӣ буда, дар ин давра ба буҷа 2 миллиону 442 ҳазор ворид шудааст.



