ОЛАМИ МАҶОЗӢMeta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

Meta даромади паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғро маҳдуд намекардааст

-

Тадқиқоти нав нишон додааст, ки саҳифаҳои Facebook, ки беш аз даҳ маротиба  ташкилотҳои фактчекинг маълумоти бардурӯғро ошкор кардаанд, ҳатто баъд аз маҳдуд шудан низ аз мундариҷаи худ даромад ба даст меоранд.

Тибқи ин пажӯҳиш, паҳнкунандагони маълумоти бардурӯғ дар Facebook, ҳатто дар сурати вайрон кардани қоидаҳои платформа, имкони даромад гирифтанро нигоҳ медоранд. Дар ин бораи euronews.com хабар медиҳад.

Созмони ғайритиҷоратии What to Fix, ки дар самти сиёсати технология фаъолият мекунад, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти далелсанҷи босниягии Raskrinkavanje беш аз 290 саҳифаи Facebook-ро дар Босния таҳлил кардааст. 

Таҳлил нишон додааст, ки 51 саҳифае, ки ҳадди ақал даҳ маротиба барои паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ нишонгузорӣ шудаанд, қаблан ҳадди ақал дар яке аз барномаҳои монетизатсияи Facebook иштирок доштаанд. Се як ҳиссаи ин саҳифаҳо ҳатто то соли 2024 зиёда аз як манбаи даромадро фаъол карда буданд.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, натиҷаҳо саволҳои ҷиддиро дар бораи қобилияти Meta барои иҷрои уҳдадории худ ҷиҳати маҳрум кардани паҳнкунандагони мунтазами хабарҳои бардурӯғ аз даромад ба миён меоранд.

Ширкати Meta солҳои зиёд дар ИМА ва Аврупо барои нотавонӣ дар пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои худ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Пас аз баҳсҳои марбут ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016, ширкат бо фактчекерҳои мустақил ҳамкорӣ оғоз кард. Аммо соли гузашта дар як қатор кишварҳо ин низом тадриҷан бо механизми Ёддотҳои ҷомеа (Community Notes) иваз карда шуд, ки дар он худи корбарон метавонанд ба нашрияҳо тавзеҳ ё огоҳӣ илова намоянд.

Сиёсати амалкунандаи Meta монетизатсияи ҳар гуна мундариҷаеро, ки аз ҷониби фактчекерҳои мустақил ҳамчун «фейк» ё «кликбейт» арзёбӣ мешавад, манъ мекунад. Ба чунин мундариҷа иқтибосҳои сохта, иддаоҳои беасос, маълумоти тақаллубӣ ё истифодаи нодурусти маводи воқеӣ ҳамчун далели ҳодисаҳои дигар дохил мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар гузориш қайд шудааст, ки Meta меъёрҳои дақиқи худро барои ҷорӣ кардани ҷазо нисбат ба қонуншиканиҳои такрорӣ ошкор намекунад.

Муҳаққиқон муайян карданд, ки баъзе аз ҳисобҳои таҳқиқшуда муваққатан аз монетизатсия маҳрум ё баста шуда буданд, аммо 84 фоизи онҳо баъдан дубора ба имкони даромадгирӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Зиёда аз нисфи ин ҳисобҳо дар давоми як моҳ фаъолияташонро барқарор намудаанд ва дар баъзе ҳолатҳо маҳдудият ҳамагӣ ду рӯз давом кардааст.

Муаллифон бар ин назаранд, ки эҳтимол Meta ба баъзе ҳисобҳои маҳдудшуда иҷозат додааст, ки сарфи назар аз нақзи чандинкаратаи қоидаҳо, ба монетизатсияи мундариҷаи худ идома диҳанд.

Созмони What to Fix таъкид кардааст, ки таҳқиқоти онҳо маҳдудиятҳо дорад, зеро Meta маълумоти пурра дар бораи монетизатсияи ҳисобҳоро нашр намекунад. Аз ин рӯ, муҳаққиқон асосан ба маълумоти оммавӣ ва бойгонии фактчекҳои худ такя кардаанд.

Бо вуҷуди ин, муаллифон аз Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки мутобиқати фаъолияти Meta-ро ба талаботи Қонун дар бораи хизматрасониҳои рақамӣ(DSA) ва Кодекси амал оид ба мубориза бо дезинформатсия, ки маҳрум кардани маълумоти бардурӯғ аз манбаъҳои даромадро пешбинӣ мекунад, мавриди санҷиш қарор диҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад