ОЛАМИ МАҶОЗӢФлорида алайҳи OpenAI ва роҳбари онро ба додгоҳ кашиданист

Флорида алайҳи OpenAI ва роҳбари онро ба додгоҳ кашиданист

-

Иёлати Флорида алайҳи OpenAI ва роҳбари он Сэм Алтман бо иттиҳоми расонидани зарар ба ноболиғон даъво ба суд пешниҳод кардааст. Дар ин бора шабакаи CNN хабар медиҳад. Флорида аввалин иёлати ИМА мебошад, ки нисбат ба ширкат чунин даъвои судӣ пешниҳод кардааст.

ChatGPT ба беинсофӣ дар фаъолияти тиҷоратӣ ва беэҳтиётӣ муттаҳам мешавад. Дар даъво инчунин гуфта мешавад, ки ChatGPT дар баъзе ҳолатҳо ба қотилони оммавӣ кумак расонида, рафторҳои худкуширо ташвиқ кардааст ва боиси коҳиш ёфтани «маҳоратҳои тафаккури интиқодӣ» дар байни баъзе истифодабарандагон шудааст.

Таваҷҷуҳи махсус ба набудани назорати муассири волидайн равона шудааст. Ба гуфтаи даъвогарон, нусхаи ройгони ChatGPT механизми ҳатмии санҷиши синну сол надорад ва ҳисобҳои кӯдакон ҳатман ба ҳисобҳои падару модар пайваст карда намешаванд.

Ҷеймс Утмайер, додситони кулли иёлати Флорида зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки Сэм Алтман ва ChatGPT рақобат дар соҳаи зеҳни сунъиро аз амнияти кӯдакони мо болотар гузоштанд. Онҳо фоидаро аз амнияти ҷамъиятӣ муҳимтар донистанд ва мо дар Флорида ба ин роҳ нахоҳем дод.

Дар навбати худ, OpenAI дар изҳороташ эътироф кардааст, ки ноболиғон ба ҳимояи ҷиддӣ ниёз доранд ва таъкид намудааст, ки ширкат аллакай як қатор тадбирҳои пешрафтаи соҳавиро ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, воситаҳои пешбинии синну сол ва огоҳиномаҳо барои волидон ба кор андохта шудаанд.

Даъвои мазкур ба нахустин тафтиши ҷиноятӣ нисбат ба OpenAI такя мекунад, ки моҳи апрел пас аз тирпарронии оммавӣ дар Донишгоҳи давлатии Флорида оғоз шуда буд. Тибқи маълумоти тафтишот, ҳамлагар аз ChatGPT фаъолона истифода мебурдааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад