МУВАФФАҚИЯТТасвирҳои Акмал дар товаи тухмпазӣ (Видео)

Тасвирҳои Акмал дар товаи тухмпазӣ (Видео)

-

Акмал Валиев

Шеваи тасвирофарии Акмал аз аксари рассомон тафовут дорад. Ӯ бо қайчиву коғаз, вазелин, тухм ва тухмпазак тасвир меофарад. Ҳатто бо се қалам якбора се расм тасвир мекунад.

Акмал Валиеви 18-сола ҳоло дар Донишгоҳи давлатии сибирӣ дар Красноярск таҳсил менамояд.

Ин рассоми ҷавон бо истифода аз қайчию коғази сафед чеҳраи дилхоҳ нафарро тасвир мекунад. Инчунин дар тухмпазак чеҳраро тарҳрезӣ, сипас бо сафедии тухм онро возеҳ намуда, бо гармии манқали барқӣ расмро “мепазонад”.

Ӯ чеҳраҳои шинохтаи фазои маҷозиро тасвир ва тариқи “Instagram” ва “TikTok” шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок мегузорад. Зеро, бо ин роҳ шуҳратёр гардидан осон аст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, модараш рассомӣ мекард ва  дар дили Акмал аз хурдӣ ин пеша ҷой гирифт. Бинобар ин, кӯшиш мекард чеҳраи одамонро тасвир кунад:

“Ман аз кӯдакиям ба рассомӣ шавқи зиёд доштам. Бо фароҳам омадани шароит ва дастрасӣ ба интернет, рассомиро аз наворҳои интернетӣ омӯхтам.”

Акмал Валиев рассоми касбӣ нест, ӯ ин корро аз интернет бисёр касбу пешаҳоро омӯхтан мумкин аст.

Қаҳрамони мо ҳоло аз рассомӣ фоидаи моддӣ ба даст намеорад, балки ин шуғлашро барои шуҳратёр шуданаш идома медиҳад.

Ӯ мегӯяд, расмҳоеро тасвир карданист, ки то ҳол дар Тоҷикистон касе онҳоро тасвир накарда бошанд ва ба ин восита Акмал муаррифгари кишварамон бошад.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад