БИЗНЕС-КЛУБДодгоҳ: Apple истеъмолкунандагонро гумроҳ кардааст

Додгоҳ: Apple истеъмолкунандагонро гумроҳ кардааст

-

Apple дар доираи созиши додгоҳӣ вобаста ба даъвои гурӯҳӣ 250 миллион доллар пардохт мекунад. Ширкатро ба гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар бораи функсияҳо ва имкониятҳои нави зеҳни сунъӣ муттаҳам карда буданд.

Соли 2024 Apple маъракаи таблиғотии хадамоти зеҳни сунъии худро бо номи Apple Intelligence оғоз карда буд. Аммо баъдтар ширкат ҷорӣ кардани ин хизматрасониҳоро ба муҳлати номуайян мавқуф гузошт.

Дар даъвое, ки соли гузашта алайҳи ширкат пешниҳод шуд, гуфта мешуд, ки Apple «бо мақсади зиёд кардани фурӯши iPhone таблиғоти ғайриодилона паҳн кардааст». Ширкат гуноҳи худро эътироф накард, аммо розӣ шуд, ки ба сокинони ИМА, ки аз моҳи июни соли 2024 то моҳи марти соли 2025 iPhone 15 ва iPhone 16 харидорӣ кардаанд, аз 25 то 95 доллар пардохт намояд.

«Apple имкониятҳои зеҳни сунъиро таблиғ мекард, ки он замон вуҷуд надоштанд, ҳоло ҳам вуҷуд надоранд ва эҳтимол то ду сол ё бештар аз он низ пайдо нахоҳанд шуд, агар умуман рӯзе ба вуҷуд оянд.», — изҳор доштанд вакилоне, ки манфиатҳои харидоронро ҳимоят мекарданд.

Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки Apple маъракаи густурдаи вобаста ба зеҳни сунъиро барои қафо намондан аз бозигарони бузурги соҳа, ба мисли OpenAI ва Anthropic, роҳандозӣ кардааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...
spot_imgspot_img

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад