ОЛАМИ МАҶОЗӢМақомоти иёлати Ню-Мексико аз ширкати Meta $3,7 миллиард талаб...

Мақомоти иёлати Ню-Мексико аз ширкати Meta $3,7 миллиард талаб дорад

-

Мақомоти иёлати Ню-Мексико аз ширкати Meta талаб доранд, ки 3,7 миллиард доллар пардохт карда, ҳамчунин механизмҳои кори платформаҳои худро тағйир диҳад. Дар ин бора Reuters ва CNBC бо истинод ба маълумоти ҳисоботии ширкат хабар додаанд. Ширкат ба истифодаи механизмҳое муттаҳам мешавад, ки вобастагӣ ба вуҷуд меоранд.

Мурофиаи додгоҳӣ идомаи парвандаест, ки мақомоти Ню-Мексико алайҳи ширкат боз карда буданд. Аввалин чунин даъво ҳанӯз соли 2023 пешниҳод шуда буд. Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳ қарор кард, ки ширкат сатҳи зарурии ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасонро таъмин намекунад ва инчунин Meta-ро ба пардохти ҷарима муваззаф намуд.

Ҳоло додгоҳ бояд арзёбӣ кунад, ки оё ширкат «қонуншикании дорои аҳамияти ҷамъиятӣ» содир кардааст ё не. Агар додгоҳ ба чунин хулоса бирасад, метавонад қарор диҳад, ки Meta бояд ба механизмҳои кори худ тағйирот ворид карда, ҷарима пардохт намояд. Вакили дифои ширкат аллакай изҳор доштааст, ки ин парванда «ба ҷомеа ва ҳуқуқҳои оммавӣ рабт надорад, балки танҳо манфиатҳои гурӯҳе аз корбаронро дар бар мегирад».

Тавре Reuters менависад, мақомоти дигар иёлатҳо, роҳбарони мактабҳо ва дигар сохторҳо ҷараёни ин мурофиаро бодиққат пайгирӣ мекунанд, зеро ин қазия «метавонад барои дигар парвандаҳои шабеҳи чунин навъ ба як прецедент табдил ёбад».

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад