ОЛАМИ МАҶОЗӢМаркази коркарди додаҳо дар кадом кишвар бештар аст?

Маркази коркарди додаҳо дар кадом кишвар бештар аст?

-

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  маркази пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи марказҳои коркарди додаҳо (дата-cентрҳо) ба шумор меравад. Шумораи онҳо дар ин кишвар ду баробар бештар аз Иттиҳоди Аврупо аст. Олмон ва Британияи Кабир ҳатто аз Чин пеш гузаштаанд. Пойгоҳи Euronews Next шумораи чунин марказҳо ва омилҳои ҷалби сармоягузориро баррасӣ кардааст.
Дар гузориши AI Index 2026, ки аз ҷониби Институти зеҳни сунъии ба инсон нигаронидашудаи Донишгоҳи Стэнфорд нашр шудааст, гуфта мешавад, ки марказҳои коркарди додаҳо «ҷое мебошанд, ки қувваҳои ҳисоббарорӣ мутамарказ шудаанд». Дар гузориш таъкид мегардад, ки «иқтидор, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва занҷираҳои таъминоти онҳо муайян мекунанд, ки кадом навъи системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд сохта шаванд ва дар куҷо».
Соли 2025 дар Амрико 5 427 маркази коркарди додаҳо мавҷуд буд. Олмон 529 ва Британияи Кабир 523 маркази коркарди додаҳоро доштаанд. Ҷолиб он аст, ки онҳо аз Чин пеш гузаштаанд. Чин дорои 449 маркази коркарди додаҳо аст.
Канада 337, Фаронса 322 ва Австралия 314 низ аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки зиёда аз 300 маркази коркарди додаҳо доранд. Ҳоланд бо 298 марказ ба ин нишондод наздик аст.
Дар аксари кишварҳои дигар шумораи чунин марказҳо аз 300 камтар аст. Русия 251 ва Ҷопон 222 марказ доштаанд.
Марказҳои коркарди додаҳо асоси фаъолияти зеҳни сунъӣ мебошанд ва кори хадамоти гуногунро таъмин мекунанд, аз дархостҳо ба чат-ботҳои зеҳни сунъӣ то пахши видео ва нигоҳдории файлҳо дар «абр».
Инҳо иншооти бузурганд, ки дар онҳо серверҳо, системаҳои нигоҳдории маълумот ва таҷҳизоти шабакавӣ ҷойгир шудаанд. Онҳо барои нигоҳдорӣ, коркард ва паҳн кардани маълумот истифода мешаванд. Ҳар қадаре ки чунин марказҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар имкониятҳо барои рушди зеҳни сунъӣ бештар мегардад. Аммо онҳо миқдори зиёди нерӯи барқ истифода карда, ба заминҳои васеъ ниёз доранд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад