БИЗНЕС-КЛУБАМА аз ОПЕК ва ОПЕК+ хориҷ мешавад

АМА аз ОПЕК ва ОПЕК+ хориҷ мешавад

-

Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) эълон кард, ки қарор дорад аз Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК ва ОПЕК+) аз 1 май хориҷ шавад.

«Ин қарор пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсати истеҳсолии АМА, ҳамчунин имкониятҳои кунунӣ ва ояндаи истеҳсолии он қабул гардида, бар асоси манфиатҳои миллӣ ва талош барои саҳмгузории муассир дар қонеъсозии ниёзҳои бозор гирифта шудааст», — таъкид мешавад дар хабарнома.

Ин иқдом бозгӯи дидгоҳи дарозмуддати стратегӣ ва иқтисодии АМА буда, инчунин тағйирот дар бахши энергетикии кишвар, аз ҷумла суръат гирифтани сармоягузорӣ ба рушди истеҳсоли дохилии неру ва тасдиқи ӯҳдадории Абу-Даби барои иҷрои «нақши масъулона, боэътимод ва ояндабин дар бозорҳои ҷаҳонии энергетикӣ» мебошад, омадааст дар идомаи хабар.

Пас аз хориҷ шудан аз созмонҳо, АМА «ба таври масъулона фаъолиятро идома медиҳад» ва тадриҷан, бо дарназардошти талабот ва шароити бозор, ҳаҷми иловагии маҳсулотро ба бозор мебарорад.

Вазири энергетикаи АМА Суҳайл ал-Мазруӣ ба Reuters изҳор дошт, ки хориҷ шудан аз ОПЕК ва ОПЕК+ ба кишвар чандирии бештар медиҳад. Ӯ афзуд, ки пеш аз қабули қарор АМА мустақиман бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ машварат накардааст.

Ба гуфтаи Reuters, ин иқдом метавонад ба иттиҳодияҳои содиркунандаи нафт ва раҳбари амалии онҳо — Арабистони Саудӣ, зарбаи ҷиддӣ расонад.

Аморати Муттаҳидаи Араб соли 1967 ба ОПЕК пайваста буд, он вақт кишвар тавассути аморати Абу-Даби намояндагӣ мешуд ва баъди таъсиси давлат дар соли 1971 узвияти худро нигоҳ дошт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад