ОЛАМИ МАҶОЗӢҶаримаи Telegram дар Маскав. Баррасии 6 протокол дар навбат

Ҷаримаи Telegram дар Маскав. Баррасии 6 протокол дар навбат

-

Суди ноҳияи Таганскии шаҳри Маскав нисбати паёмрасони Telegram барои худдорӣ аз ҳазфи иттилооте, ки дар Русия мамнӯъ дониста мешавад, ба маблағи 10,8 миллион рубл ҷарима таъйин кард. 

Дар суд боз 6 протоколи дигар нисбат ба Telegram баррасӣ мешаванд. Ҷаласаҳои судии навбатӣ 25 феврал ва 16 март таъйин шудаанд. Дар ин бора «Медуза» хабар медиҳад.

Ахиран Роскомнадзор тасдиқ кард, ки фаъолияти ин паёмрасонро суст дорад. Ин ниҳод изҳор доштааст, ки қарор аст «маҳдудиятҳои пайдарпай» ҷорӣ карда шаванд. 

Таҳлилгарон бар онанд, ки ҳадафи воқеии мақомоти Русия фароҳам овардани шароит барои тадриҷан берун кардани Telegram аз бозор аст, ҳамон гуна ки қаблан бо YouTube ва WhatsApp рух дода буд, ва равона кардани истифодабарандагон дар Русия ба паёмрасонҳои зери назорати давлат, пеш аз ҳама Max ва VK.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад