МУВАФФАҚИЯТМиҷгона Самадова: ман бо як дастам пирӯз шудам! (Видео)

Миҷгона Самадова: ман бо як дастам пирӯз шудам! (Видео)

-

Миҷгона Самадова, муштзани тоҷик бо медали тилло ба Ватан баргашт. Ӯ дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс, ки 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд, ширкат карда, пирӯз гардид.

Ӯ нақл мекунад, ки дар мусобиқаи қаблӣ китфаш шадидан зарб хурда буд, вале бо вуҷуди ин, Миҷгона тавонист чор ҳарифашро мағлуб намояд:
“Китфи ман дар чемпионати Осиё (дар Дубай) лат хӯрда буд. Дар ин мусобиқа ман бо китфи латхӯрда баромад кардам. Ба ин нигоҳ накарда, бо як даст чор рақибро шикаст дода, медали тилло ба даст орам.”

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо (вазни 57кг) баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш Мишидма Эрденеделай аз Муғулистон ва Моника Серафин аз Лаҳистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал Малика Шаҳидоваи русиягиро мағлуб кард ва ба финал баромад. Муштзани тоҷик дар муҳорибаи ниҳоияш Мунгунсаран Балсани муғулистониро шикаст дод.

Волидони  Миҷгона ҳамвора бо ӯ дар ин иртибот буданд. Маҳз дастгирии онҳо ӯро руҳболида мекард.

Миҷгона медали тиллоро, ки ахиран ба даст овард, ба модараш бахшид ва ҳадафаш ин аст, ки дар бозиҳои олимпии 2024 роҳхат ба даст орад.

“Ҳар вақте ки ба мусобиқаҳо меравам, модарам рақобатҳои маро тамошо намекунад. Вақте бо модарам сӯҳбат мекунам, ӯ гиря мекунад. Ин барои ман як эҳсосоти фаромӯшношуданӣ аст. Ҳар як ҷоизаи худро ба модарам мебахшам.”,- таъкид намуд Миҷгона.

Миҷгона ҳамроҳ бо модараш

Миҷгона ҳоло  донишҷӯи соли 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аминҷон Раҳматзод

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад