МУВАФФАҚИЯТРоҳи навбунёд, вале пурнуқсон

Роҳи навбунёд, вале пурнуқсон

-

Авзои роҳи навбунёдшуда

Роҳрави шафати ҷодаи навбунёд ба меъёр ҷавобгӯ набуда, бинобар сабаби паҳнои ками ин роҳрав ду нафар паҳлӯи ҳам роҳ рафта наметавонанд. Баъзе аз нуқоти асвалти роҳи автомобилгард пора шуда дохили ҷубори бетонӣ мерезанд. Дар миёни роҳрав пояҳои чароғҳои равшанидиҳанда насб гардидааст, ки ба рафтуомади сокинон монеа эҷод мекунад.

Пояи чароғҳои равшандиҳанда, ки бояд дар канори роҳ насб мешуд

Корҳои сохтмонӣ дар роҳи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт 1 ноябри соли 2021 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Ҳангоми сохтмони роҳи мазкур мардум аз фаъолияти роҳсозон нигаронӣ мекарданд. Зеро, баъди кандани роҳу пулҳое, ки хонаҳои сокинон ва кӯчаву маҳаллаҳоро ба роҳи марказӣ мепайваст, дубора барқарор намегардид. Баъди шикояти сокинон ба мақомот ин мушкилӣ то андозае роҳҳал пайдо намуд.

Акнун баъди анҷоми сохтмони ин роҳ ва ифтитоҳи расмии он мушкилиҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки хилофи қонунҳои миллии кишвар ва стандартҳои байналмилалист.

Ҷой барои пояи чароғи равшандиҳанда

Конвенсияи ҳуқуқи маъбон пешбинӣ мекунад, ки ҳангоми сохтани дилхоҳ иншоот шароити рафту омад барои нафарони маъюбиятдошта муҳайё гардад. Мо уҳдадорем, ки минбаъд зимни иншоотҳои сохташаванда талаботи ин ҳуҷҷатро ба инобат гирем. Зеро, Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд ва Тоҷикистон узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардидааст.

Сайёра Фозилова маъюбият дошта, бо аробаи маъюбӣ роҳ меравад. Баъди бунёди роҳи нав интизор дошт, ки рафту омадаш осон мегардад ва мустақилона метавонад роҳ барояд. «Вақте ба роҳи нав баромадам, дарк кардам, ки шароит дар роҳи мазкур барои мо мувофиқ нест.”,-нигаронӣ кард Сайёра.

Дар бархе аз қисматҳои роҳ аробааш намеғунҷад ва аз як самт ба самти дигари роҳ гузашта наметавонад. Зро, роҳ барояш ман ноҳамвор аст.

Моҳи октябри соли 2023 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт мавриди истифода қарор гирифт. Он замон роҳбари давлат танҳо дар ноҳияи Восеъ буд ва аз қисмати дигари роҳро комилан дида натавонист.

Баъди ифтитоҳи расмии ин роҳ як қисмати соконони маҳаллаи Ҳамровиё низ шикоят аз он доранд, ки ҳангоми боришот роҳҳои пушти хонаашон фурӯ рафтааст ва сабаби онро дар мустаҳкам набудани роҳ мебинанд. Ҳамзамон, кӯдакону наврасон бо сабаби борикии роҳрав ба роҳи мошингузар ба мактаб мераванд.

Маҷид Рустамов, сокини ноҳияи Темурмалик аст ва хонааш дар шаффати роҳ қарор дорад. Ӯ мегуяд, дар умраш чунин шеваи роҳсозии бесифатро нав дидааст.

“Худи ман чандин маротиба шоҳид будам, ки дар баъзе маврид роҳҳои шафатиро бе мустаҳкамкунии зери роҳ асвалт мекарданд ва ман бо дигар ҳамсояҳо рафта ин ҳолатро мегуфтем, лекин касе парво надошт. Маҳз ба ин хотир ҳоло аз истифодаи роҳи нав як сол нашудааст, лекин он қисм қисм ҷудо шуда фурӯ рафтааст.”,- мегӯяд Маҷид Рустамов.

Инчунин дар шафати роҳ ҷой барои шинонидани дарахт несту дар офтоби тафсон аслвалтро боз ҳам сӯзонтар мегардонад.

Муҳаммадҷон Наимов як сокини дигари ноҳия  аст. Роҳсозон дар оғози кор роҳи даромади хонаашро канданду дигарбора барқарор накарданд. Дар ҳоле, ки намояндагони ширкати роҳсозӣ ба ин хонавода ваъдаи бунёди роҳи навро аз дигар қисмати хонаашон дода буд,   вале то ҳол ба мушкил вориди ҳафлиаш мешавад.

Даврон Одинаев, иҷрокунандаи мудири шуъбаи меъмории МИҲД-ноҳияи Темурмалик мегӯяд, сохтмони роҳ пурра поён наёфтааст ва мутасадион мушкилиҳоро бартараф доранд. Инчунин ишора намуд, ки худи мақомоти маҳаллӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро хатти ишора намуда ба мақомотҳои болои расонидаанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад