НАВИДС. Аминҷонов: таъсиси шабакаи интернети бачагон фаро нарасидааст

С. Аминҷонов: таъсиси шабакаи интернети бачагон фаро нарасидааст

-

«…интернетпровайдерҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз ширкатҳои ҳамтои худ дар Федератсияи Русия пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети бачагона», ки ҳама иттилооташ пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи кўдакон аст, дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ мемонданд.»-пешниҳод кардааст Саломатшоҳ Аминҷонов, ассистенти коллеҷи омўзгории назди Донишгоҳи давлатии Бохтар, дар матлабе, ки сомонаи Кумитаи ҷавонон онро нашр кардааст.

Ба бовар ин нафар, дар Тоҷикистон ҳоло замони таъсиси шабакаи интернети бачагон фаро нарасидааст.
«Тибқи нишондоди оморӣ аз 109 нафари бачаҳои аз 8 то 15 сола мувоҷҷеҳи маводи порнографӣ дар шабака мешаванду наздики 17% пайваста аз захираи мамнўъ дидан мекунанд, тахминан 5,5% бошанд омодаанд, ки чизҳои дидаашонро дар амал татбиқ намоянд».

Ба бовари С. Аминҷонов, то замони пайдоиши чунин шакли хизматрасониҳо падару модаронро зарур аст, ки худро дар ин ҷода нотавон ҳис накарда, ба фарзандон тарзи дурусти истифодаву безарар бардошт карданро аз захираҳои шабакаи ҷаҳонӣ омўзонида бошанд. Ҳамзамон волидонро зарур аст, ки аз он маводе, ки фарзандон ба воситаи интернет ба даст меоранд, ҳамвора воқиф бошанд. Агар маводи бадастовардаи фарзанд бар зарари худи ў бошад, яъне боис ба халалдорсозии раванди иҷтимоишавиаш гардад, пас бо гапи солеҳ эшонро аз ин варта халос намудан лозим аст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад