ҲАЁТИ СОЛИМABC News: ИМА ва Украина дар Флорида дар масъалаи...

ABC News: ИМА ва Украина дар Флорида дар масъалаи заминҳо ба созиш нарасиданд

-

Теъдоди масъалаҳои калидӣ дар музокироти ИМА ва Украина дар Флорида бидуни пешрафт монд. Тибқи манбаъҳои ABC News, ҷонибҳо ба созиш дар масъалаи ҳудудҳои даргирӣ нарасидаанд. Музокирот 30 ноябр баргузор шуда буд.

Манбаъҳо мегӯянд, ки Украина ҳозир нест ҳудуди худро супорад. Бо вуҷуди ин, котиби давлатии ИМА Марко Рубио ва роҳбари Шӯрои амнияти миллии Украина Рустем Умеров мулоқотро «пурсамар» номида, аз «пешрафт дар дигар бахшҳо» хабар додаанд.

Дар гуфтушунидҳо масъалаҳои таъмини амнияти Украина, сарнавишти дороиҳои яхкардаи Русия ва имкони баргузории интихобот баррасӣ шудаанд. Аммо, ба гуфтаи ABC News, дар мавриди масъалаҳои баҳсбарангез, бахусус масъалаи ҳудудҳо пешравӣ дида намешавад.

Аз тарафи ИМА дар музокирот Стивен Уиткофф, фиристодаи махсуси президенти Доналд Трамп, ва Ҷаред Кушнер ширкат доштанд. Ҳайати Украинаро Рустам Умаров ва муовини аввали вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Кислитса роҳбарӣ мекарданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Чин барои кишварҳои БРИКС «минтақаи зеҳни сунъии дорои манбаи боз» таъсис медиҳад

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзи якшанбе дар нишасти кишварҳои БРИКС дар Деҳлӣ изҳор дошт, ки Чин ташкили...

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад