МУВАФФАҚИЯТҚабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мубориза бо фассодро муассир мегардонад

Қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мубориза бо фассодро муассир мегардонад

-

Коррупсия мисли як вирус ҷомеаро аз дохил вайрон мекунад, он ба иқтисодиёт зарар мерасонад, эътимод ба ҳукуматро коҳиш медиҳад ва ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад.
Қабули қарору қонунҳо барои аз байн бурдани он муҳим аст. Ба он хотир, ки мубориза бо фасодро муассир мегардонанд, ҳимояи ҳуқуқҳои инсонро таъмин мекунанд.
Тоҷикистон Конвенсияи СММ бар зидди коррупсияро имзо кард ва яке аз аввалинҳост, ки онро ба тасвиб расонд.
То имрӯз чандин ҳуҷҷати стратегӣ дар кишвар қабул гардидааст, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешгирӣ аз фассод пешбинӣ шудаанд.
Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия барои солҳои 2008–2012 қабул шуд ва заминаи аввалин барои муборизаи муташаккилона бо коррупсия унвон мешуд. Соли 2013 Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013–2020 қабул гардид, ки барои тақвияти назорат ва шаффофият дар идоракунии давлатӣ буд. Соли 2021 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то соли 2030 қабул шуд, ки барномаи дарозмуддат барои коҳиши омилҳои коррупсионӣ унвон мешавад.
Дар ҳамин ҳол Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, Ҳукумати кишвар аз аввали соҳибистиқлолӣ то кунун як қатор корҳоро дар мубориза бо коррупсия анҷом додааст.
Бояд донем, ки мубориза бо коррупсия масъулияти умумимиллӣ аст. Бе иштироки ҷомеа мубориза бо коррупсия самарабахш шуда наметавонад.
Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ва бояд дар муқовимат бо коррупсия саҳмгузор бошад.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад