МУВАФФАҚИЯТИлмомӯзӣ бо бозӣ: равиши таълими "Беҳтарин педагоги ИДМ"

Илмомӯзӣ бо бозӣ: равиши таълими «Беҳтарин педагоги ИДМ»

-

Шамсулло Тағоев педагог, барномасоз, ҷоизадори чандин озмун ва роҳбари маркази инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ дар ин донишгоҳ дарс мегӯяд ва ба донишҷӯён илми дақиқро тариқи бозӣ меомӯзонад то онҳо ба соддагӣ маълумотро ҳазм намоянд.  Ин устод “Беҳтарин педагоги ИДМ” низ ҳаст.

Қаҳрамони мо замони мактабхонӣ мехост шарқшинос шавад, вале падараш зид буд. Зеро,  мехост писараш дар соҳаи тиб ё риёзӣ таҳсил кунад. Шамсулло дар синфи 11-ӣ аз дӯстон иттилоъ ба даст овард, ки устоди информатика довталабонро барои дохил шудан ба макотиби олӣ омода менамояд. Шамсуллло назди ин устод давоми 3-4 моҳ дарси иловагӣ хонд. Муаллиме аз донишгоҳ омода онҳоро имтиҳон гирифта, хулосарбарорӣ намуд, ки Шамсулло наметавонад ба донишгоҳ роҳ ёбад. Вале Шамсулло ноумед нашуд, ҷиддӣ омодагӣ дид ва дар имтиҳони дохилшавӣ баландтарин холро ба даст овард.

Шамсулло нақл мекунад, ки фаъолияти педагогиро ҳанӯз дар соли чоруми донишҷӯӣ оғоз кард. Ӯ он замон дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон аз фанни информатика дарс мегуфт. Аз рӯзҳои аввал бо бачаҳои лаёқатманд кор карданро оғоз кард ва онҳоро ба озмуну олимпиадаҳо омода мекард.

То соли 2013 дар ин литсей кор кард ва баъд аз ин ба сифати ассистент ба ДМТ баргашт. Солҳои 2015-2020 зери назари Файзалӣ Комилиён мавзӯи номзадии хешро навишта, ҳимоя кард. Мақолаҳои зиёд ва китобу дастурҳо навиштааст.

“Ман бо хонандагон кор кардам ва медонам, ки аксарият ба хондани китоб шавқ надоранд. Бинобар ин, ба хулосае омадам, ки тариқи бозӣ барномаи таълимиро омӯзонем. Масалан, дар синфи 11 табдилдиҳии системаи ҳисобро хонандагон бояд омӯзанд, аммо он барои аксарият дилгиркунанда аст ва хонандагон метавонанд тариқи бозии сохтаи мо ба соддагӣ ин гуна мисолҳоро ҳал намоянд.”,- гуфт ӯ.

Шамсулло мегӯяд, кор бо бозии сохтаи онҳо хеле осон буда, ҷавононро ба таҳсил водор мекунад.

“Собит шудааст, ки бачаҳо то 15 дақиқа қобилияти қабулкунии маълумотро доранд, вале бо бозӣ фарқ мекунад. Ҳар қадар бозиро идома диҳанд, маълумоти нав касб мекунанд. Зеро, ҷолиб аст.” — илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои қаҳрамони мо, айни ҳол бозӣ дар шакли китоб низ таҳия ва тасдиқ шуда, дар бархе муассисаҳо ҳамчун дастури иловагӣ барои хонандагони синфи 11 мавриди истифода аст.

Шамсулло чӣ гуна сазовори мақоми дуюм гардиданашро дар Озмуни “Беҳтарин педагоги ИДМ” чунин нақл кард:

-Мо дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ мақола менависем, ба нишонии почтаи электронии ман хабар омад, ки агар хоҳиши ширкат дар озмунро дошта бошам, мақолаҳои хешро бояд ирсол намоям. Ман ин корро анҷом додам. Пас аз чанде иттилоъ дарёфт кардам, ки шакли ширкат дар озмунро тасдиқ намоям, ҳузурӣ ё онлайн. Ман фосилавӣ иштирокчии озмун шудам ва баъди чанде диплому шаҳодатнома ва медил фиристоданд, ки сазовори ҷойи дуюм дар Озмуни “Беҳтарин педагоги ИДМ” гардидаам.

Ҳ. Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

То ҷашни 35-солагии истиқлоли давлат дар саросари кишвар ҳудуди 30 ҳазор иншоот бунёду азнавсозӣ мешавад

Дар саросари кишвар бунёду азнавсозии 29 518 иншооти таъйиноти гуногун то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст....

Microsoft гурӯҳи ҳакерии Русияро ба ҳамлаҳо тавассути Wi-Fi-и меҳмонхонаҳо муттаҳам кард

Ширкати Microsoft аз як маъракаи ҳакерӣ хабар дод, ки ба инфрасохтори шабакаҳои Wi-Fi барои меҳмонон дар меҳмонхонаҳо ва марказҳои...

Roblox $70 миллиард арзиши бозории худро аз даст дод

Ширкати Roblox Corporation дар ҳисоботи семоҳаи худ эътироф кард, ки аз моҳи июли соли 2025 то моҳи июли соли...

Telegram барои муддати кӯтоҳ аз App Store ҳазф шуд

Паёмрасони Telegram барои муддати кӯтоҳ аз мағозаи барномаҳои App Store дар саросари ҷаҳон дастнорас гардид. Сабаб он будааст, ки...
spot_imgspot_img

Яндекс барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб ширкати алоҳида таъсис дод

Ширкати "Яндекс" барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи тандурустӣ шахси ҳуқуқии алоҳидаеро бо номи "Яндекс мед" ба...

Мактуби Раиси Комиссияи Аврупо ба сарвазири Испания

Пас аз афзоиши вуруди муҳоҷирон ба шаҳри Сеутаи Испания, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз кишварҳои Иттиҳоди...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад