МУВАФФАҚИЯТДеги Оши палави 4-тонна дар Душанбе

Деги Оши палави 4-тонна дар Душанбе

-

Имрӯз, 30 октябр дар Душанбе фестивали “Оши палов” баргузор гардид.

Ҷашни мазкур дар ҳудуди муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” баргузор шуда, дар доираи фестивал 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла, 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои узви кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон 10 дег гузошта шуд. Дар умум, 5 ҳазор кг оши палав дар ин ҷашнвора омода гардид.

Дар бузургтарин дег 4 тонна ош пӯхта шуд. Барои омода намудани ош дар ин дег 800 кг биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, 15 кг думбаи гӯсфанд, 1 тонна сабзӣ, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лиму, 250 дона тухми бедона, 80 бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ ва 8 кг гӯшти хушккардашуда истифода шудааст.

Тибқи низомномаи фестивил ғолибон аз рӯйи 3 номинатсия, аз ҷумла, шоҳҷоизаи озмун “Беҳтарин оши палав”, номинатсияи “Беҳтарин дастурхони ошӣ” ва “Беҳтарин ошхӯр” муайян карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Оши палавро ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайри моддӣ дар номинатсияи “Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» сабт гардад. Ҳамин тавр, Оши палави тоҷикӣ дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар шаҳри Аддис-Аббебаи Эфиопия баргузор шуд, дар феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО расман сабти ном гардид.

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад