МУВАФФАҚИЯТКӯдакони маъюб “МУРҒОБИЧАИ БЕЗЕБ” нестанд

Кӯдакони маъюб “МУРҒОБИЧАИ БЕЗЕБ” нестанд

-

Дар театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд нахустнамоише бо ном “Мурғобичаи безеб” аз рӯи асари нависандаи даниягӣ, Ҳанс Христиан Андерсен ба саҳна гузошта шуд. Ба фарқ аз намоишномаҳои қаблии ин саҳнаи театр, нақшофарон ҳунармандони касбӣ набуданд, балки нақшҳоро наврасон иҷро карданд, ки 14 нафарашон наврасони дорои маъюбият буданд. Дар умум, 22 нафар дар саҳна иштирок карданд.

Ин намоишнома бо пуштибонии Ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” ва маблағгузории Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бори нахуст дар саҳна гузошта шуд.

Сарвиноз Масобирова, як навраси 17-сола, ки нақши асосриро бозид, дар 8-солагӣ аз таъсири нерӯи барқ ду дастонаш аз оринҷ поён сӯхтаву пизишкон  онро буридаанд.

Аксари наврасон дар гузашта ба бемориҳои шадиди фалаҷи мағзӣ гирифтор шуда, маъюб гаштаанд. Сарвиноз гуфт, ӯ бо он мақсад ба саҳна баромад то ба дигарон нишон диҳад, ки ҳама баробаранд.Ҳеҷ кас майда ё заифу суст нест, ҳама инсонҳо якранг ҳастанд”афзуд ӯ.

Барои саҳнагузории намоишномаи “Мурғобичаи безеб” шаш моҳ омодагӣ диданд ва модарони бархе аз ин маъюбон низ нақши модарро ҳамроҳ бо фарзандонашон бозиданд. Парвина Акбарова модари яке аз навраси маъюб гуфт, дар аввал барояш каме душвор буд, вале баъди омӯзонидану нақш бозӣ кардан худро хеле хушбахт эҳсос кардааст.

Қиссаи “Мурғобичаи безеб” ва нигоҳе аз ҳунармандон

Намоишнома дар бораи як чӯҷаи мурғи марҷон қисса мекунад, ки  иштибоҳан мурғобӣ дар қатори дигар тухмҳояш зер кардааст ва чӯҷача таваллуд шудааст. Аз рӯзи таваллуд дар ҷомеаи мурғобичаҳо барояш ҷой намемонад. Таҳқир ва танқидҳо сабаб мегардад, ки хонаро тарк кунад ва аз модараш ҷудо гардад. Дар роҳ бо гурба ва гург рӯ ба рӯ гашта наздик ба луқмаи онҳо мешуд. Ниҳояти қисса ин аст, ки мурғобича кӯҳҳои сафед ва зеборо мебинад ва сӯяш парвоз карданро меомӯзад. Аҳли парандаҳои ҳавлӣ, ки мурғобичаи безебро дар оғоз таҳқир мекарданд, аз ӯ узрхоҳӣ мекунанд.

Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Сайрам Исоева, ки барои тамошои намоиш омада буд гуфт, ин кӯдакон аз баъзе ҳунармандони дипломдори мо хубтар нақши худро офариданд. Вай пешниҳод менамояд, ки  барои чунин нафарон театр бунёд карда шавад.

Умар Алиев, коргардон ва ҳунарманде, ки новобаста аз маъюбӣ дар саҳнаи ҳунар шӯҳрат пайдо кардааст, ба наврасон гуфт, бо асо мегардад ва дар беруни толор аробачаи маъюбӣ дорад:

“Ман маъюби гурӯҳи якум ҳастам. Ман низ ингуна чорабиниҳоро даҳҳо маротиба гузаронидаам ва шуморо офарин мехонам, ки бо сабру тоқат намоишномаро омода кардед. Ман ба Шумо сари таъзим фуруд мерам. Аз нақшаву орзуҳои хеш даст накашед. Ба пеш равед. Тавсия медиҳам, ки ин намоишнома дар ҳама мактабҳои шаҳри Хуҷанд намоиш дода шавад.”

Коргардони намоишномаи “Мурғобичаи безеб” Темур Султонӣ аст ва ӯ мегӯяд дар аввал онҳо ҳайрон буданд, ки ин намоишаро чи тавр саҳнагузорӣ кунанд то писанди аҳли тамошо гардад. Чунки кӯдакон аз ҳунарӣ актёрӣ бехабар буданд ва ҳатто дар саҳна чи гуна қадам задану сухан гуфтанро намедонистанд:

“Масалан Сарвиноз ҳатто ҳамроҳи ману дигар дӯстонаш барои гап задан шарм медошт. Вале имрӯз ба саҳна баромад ва хеле олӣ баромад кард.”

Чанде аз ҳунармандони дигар баъди тамошои намоишнома гуфтанд, ки  ин қишри ҷомеа мурғобии безеб не, балки зеботарин мурғобӣ ҳастанд. Онҳо аз мӯҳтавои намоишнома истиқбол карданд ва гуфтанд, ки гоҳо дар ҷомеаи муосир кӯдакони имконияти маҳдуддошта бештар таҳқир мешаванд ва ба ҷомеаи солим барои ворид шудан имконият надоранд. Ҷомеа барои ин қабил кӯдакон қолабҳо сохтааст. Аммо ин намоишнома чунин қолабҳоро барҳам медиҳад.

Дар ҳамин ҳол равоншинос Ҳусайн Зайтметов мегӯяд, чунин намоишнома барои тарбияи маънавию рӯҳии ҷомеа басо муҳим аст. Зеро кӯдакони имконияташон маҳдуд бояд аз ҳеҷ орзуи худ даст накашанд ва ба пеш раванд ва ҷомеа барои ин гуна шахсон меҳрубонӣ зоҳир намояд: 

Як мафҳуме дорем, ки эмпатия, яъне ҳамдардӣ кардан мебошад. Ҳамин қадар ин намоишнома ба тамошобинон таъсир расонд ва шумо ҳам эҳсосоти моро ба он водор намудед, ки ашкҳоямон ҷорӣ шуд. Мо низ бо шумо ҳамдард шудем”-илова намуд равоншинос.

Равоншиносон мегӯяд, ки бо чунин роҳ ҷалб кардани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар саҳна барои рушди онҳо аз нигоҳи равонӣ басо  кӯмак хоҳад кард. Тасмим гирифта шуд, ки намоишнома минбаъд дар мактабҳо ва дар ҳузури тамошобинони ҷисман солим ба намоиш гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 150 ҳазор нафар шахсони маъюб ва ё  имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд. 

Муаллиф: Ҳалимҷон Ҷураев

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шабакаи X Сан-Франсискоро тарк мекунад

Шабакаи иҷтимоии X имрӯз, 13 сентябр Сан-Франсискоро тарк мекунад. Идораи шабакаи иҷтимоии X Сан-Франсискоро бо сабаби қонуни гендерӣ тарк...

4 медали биринҷӣ аз Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён

Варзишгарони тоҷик то кунун дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон соҳиби 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Дадахон Қурбоналиев,...

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон киҳоянд?

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2024 вориди Тошканд шуд.  Бозиҳо аз 14 сентябр то 6 октябр баргузор...

Хадамоти мухталифи хориҷӣ фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд

Хадамоти мухталифи хориҷӣ аз 12 сентябр фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд. Аксари ширкатҳо бинобар таҳримҳои нави Амрико ин...
spot_imgspot_img

Дар рӯйхати забонҳои iPhone 16 забони русӣ вуҷуд надорад

Аксари маълумоте, ки қабл аз муаррифӣ дар бораи iPhone 16 паҳн шуда буд, тасдиқи худро ёфт. Тағйироти асосӣ ба...

Сафорат: бе зарурати ҷиддӣ муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед!

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо назардошти пурзӯр гардидани низоми назорати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади давлатӣ дар гузаргоҳҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад