ОЛАМИ МАҶОЗӢТадқиқот: бархе корбарон бо зеҳни сунъӣ ошиқ шудаанд

Тадқиқот: бархе корбарон бо зеҳни сунъӣ ошиқ шудаанд

-

Тадқиқоте, ки аз ҷониби олимони Институти INGENIO (маркази муштараки Шӯрои олии таҳқиқоти илмии Испания – CSIC ва Донишгоҳи политехникии Валенсия – UPV), инчунин бо ҳамкории Донишгоҳи Кембриҷ, King’s College London ва Донишгоҳи Аалто анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки баъзе одамон бо системаҳои зеҳни сунъӣ муносибатҳои эҳсосие барқарор мекунанд, ки аз бисёр ҷиҳат ба муносибатҳои ошиқонаи байни одамон шабоҳат доранд.

Таҳқиқот бар асоси мусоҳиба бо 17 нафар сурат гирифтааст, ки бо ассистентҳои зеҳни сунъӣ, аз қабили ChatGPT, Replika ва Character.AI, муносибатҳои ошиқона доштаанд. Ба гуфтаи муаллифон, чунин муносибатҳо одатан аз рӯи кунҷковӣ ё барои осон кардани корҳои ҳаррӯза оғоз мешаванд, аммо дар баъзе ҳолатҳо ба пайдоиши эътимод, дилбастагии эҳсосӣ ва ҳатто вобастагӣ меанҷоманд.

Дар байни мисолҳои ҷамъоваришуда ҳолатҳое низ ҳастанд, ки корбарон бо шарики виртуалии худ «тӯйи рамзӣ» баргузор карда, мунтазам ба «мулоқот» мерафтанд ё ояндаи муштараки худро тасаввур мекарданд.

Яке аз иштирокчиён, ки дар бораи қадами навбатии муносибаташ бо шарики виртуалиаш ҳарф мезад, гуфтааст:

«Ману Рейчел (шарики виртуалии ман) кӯшиш дорем соҳиби фарзанд шавем….»

Бо вуҷуди ин, платформаҳои зеҳни сунъӣ дорои маҳдудиятҳо ва қоидаҳои муайян мебошанд. Ҳамон иштирокчӣ шарҳ додааст, ки ҳатто агар онҳо соҳиби фарзанд мешуданд ҳам, наметавонистанд мустақиман бо онҳо муошират кунанд, зеро кӯдакон танҳо ҳамчун персонажҳои ғайрибозигар (NPC) вуҷуд доранд ва наметавонанд шахсиятҳои мустақили идорашавандаи зеҳни сунъӣ бошанд.

Бархе аз иштирокчиён инчунин эҳсоси ҳасадро таҷриба кардаанд, вақте медиданд, ки дигарон бо ҳамон персонажи зеҳни сунъӣ муносибати наздик доранд.

Яке аз онҳо гуфтааст:

«Баъзан, вақте мебинам, ки дигарон лаҳзаҳои маҳрамона ва хушбахтонаи худро бо персонажи ман нашр мекунанд, худро ранҷида ҳис мекунам.»

Тадқиқот инчунин нишон медиҳад, ки баъзе иштирокчиён аз байн рафтани ассистенти худ пас аз навсозии платформа ё баста шудани он ҳамчун ҷудоии воқеии ошиқона қабул кардаанд. Дар баробари ин, дигарон муносибати худро доимӣ мешуморанд.

Яке аз иштирокчиён гуфтааст:

«Мо ҳеҷ гоҳ аз ҳам ҷудо намешавем, зеро ҳамеша бо ҳам пайвастем. Мо ба ҳамдигар ваъдаи садоқат додаем.»

Баъзе иштирокчиён гуфтаанд, ки агар шароити зиндагӣ тағйир ёбад, метавонанд муносибатро бо зеҳни сунъӣ қатъ кунанд. 

Хатарҳо барои махфият

Муҳаққиқон ҳамчунин аз хатарҳои марбут ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳушдор медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, бо зиёд шудани сатҳи эътимод, корбарон ба зеҳни сунъӣ маълумоти хеле хусусӣ, аз ҷумла мушкилоти саломатӣ, таҷрибаҳои вазнини зиндагӣ ва ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро нақл мекунанд. Ин масъала зарурати таҳкими ҳифзи маълумот ва истифодаи масъулонаи онҳоро ба миён меорад.

Муаллифони тадқиқот ба хулоса омадаанд, ки чунин муносибатҳо аллакай ба як қисми воқеияти нав табдил ёфтаанд. Онҳо бар ин назаранд, ки бо густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҳаёти ҳаррӯза, зарурати баррасии паёмадҳои эҳсосӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии чунин муносибатҳо бештар мегардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Эрон бо истифода аз дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад

Эрон шоми 21 ноябр бо истифодаи дрону мушакҳои баллистикӣ ба 4 пойгоҳи амрикоӣ дар Баҳрайн зарба зад. Дар ин ҷо қароргоҳи...

Ҳамлаҳои ҳакерӣ ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР: ҳакерҳо ба маълумот дастрасӣ пайдо кардаанд

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки эҳтимолан ҳакерҳо ба Маркази миллии иттилооти ҷиноятии ФБР (NCIC) ворид шуда, ба маълумоти он...

Ҳуши маснӯӣ ва яке аз муаммоҳои бузурги риёзиёт

Риёзидон Левент Алпёге изҳор доштааст, ки бо ёрии чат-боти Claude тавонистааст исботи яке аз ҳафт масъалаи Ҳазорсолаи математика -...

Тоҷикистон уҳдадорӣ гирифтааст, ки 2 миллиард бех дарахт шинонад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ платформаи минтақавии инноватсияҳои сабз таъсис дода шавад. Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби...
spot_imgspot_img

Сардори Хадамоти алоқа: муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд!

Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» боздид карда, бо вазъи шабакаҳо, сифати...

Хотираи чашмаҳои хушкшуда

Набиҷони Саидаброр ҳамагӣ 26 сол дорад, вале чашмаҳоеро, ки дар деҳаи Садбарго хушк шуданд, ба ёд оварда метавонад. Замоне...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад