Без рубрикиДодгоҳ дар Маскав Apple-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард

Додгоҳ дар Маскав Apple-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард

-

Судии ноҳияи Таганскии шаҳри Маскав ширкати Apple-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард. Apple тибқи қисми 1.1 моддаи 13.31 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия барои такроран вайрон кардани талаботи марбут ба паҳн намудани иттилоот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Ин модда ба риоя накардани талаботи огоҳ намудани мақомоти ваколатдор дар бораи оғози фаъолияти низомҳои иттилоотӣ дахл дорад. Ҷазои ҳадди аксар тибқи ин модда то 1 миллион рублро ташкил медиҳад.

Ин бори аввал нест, ки Apple дар Русия ҷарима мешавад. Моҳи март низ додгоҳи Маскав ширкатро барои вайрон кардани тартиби маҳдудсозии дастрасӣ ба иттилооти мамнӯъ дар Русия 3,5 миллион рубл ҷарима карда буд.

Ёдовар мешавем, ки 25 июн Apple аз мағозаи барномаҳои App Store як қатор барномаҳои ширкати VK, аз ҷумла ВКонтакте, Дзен, VK Video, VK Мессенджер, VK Music, VK Знакомства ва Одноклассники-ро хориҷ кард.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад