ОЛАМИ МАҶОЗӢШабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

-

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз ҷумла телевизион, радио ва сомонаҳои хабарӣ пеш гузаштанд. Дар ин бора дар гузориши солонаи Digital News Report-и Донишгоҳи Оксфорди Британия омадааст.

Тадқиқот бар асоси назарсанҷии тақрибан 100 ҳазор истеъмолкунандаи хабар дар 48 кишвари ҷаҳон анҷом шудааст. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки 54 дарсади пурсидашудагон дар як ҳафтаи охир хабарҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кардаанд, дар ҳоле ки 51 дарсад аз расонаҳои анъанавӣ истифода бурдаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, агарчи шабакаҳои иҷтимоӣ солҳои охир миёни ҷавонон ҳамчун манбаи хабар маъруф буданд, ҳоло онҳо дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ ва дар аксари кишварҳо ба яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот табдил ёфтаанд.

Тибқи натиҷаи таҳқиқот, 30 дарсади иштирокчиён шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоиро манбаи асосии хабарҳои худ номидаанд. Ин нишондиҳанда дар соли 2020 ҳамагӣ 22 дарсад буд.

Дар байни ҷавонони аз 18 то 24-сола ин рақам ба 52 дарсад мерасад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин нишон медиҳад, ки насли ҷавон бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи пайгирии рӯйдодҳои ҷаҳон такя мекунад.

Ҳамзамон истифодаи расонаҳои анъанавӣ коҳиш ёфтааст. Аз соли 2020 то имрӯз аудиторияи хабарҳои телевизионӣ 13 банди фоизӣ ва аудиторияи барномаҳои хабарии мобилӣ 12 банди фоизӣ кам шудааст.

Пурсиш нишон додааст, ки сабабҳои ин тағйирот гуногунанд. Бархе корбарон шабакаҳои иҷтимоиро барои дастрасии зуд ва қулай ба хабарҳо интихоб мекунанд, гурӯҳи дигар бошад, камтар телевизион тамошо мекунанд.

Бо вуҷуди ин, дар як қатор кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Британия, Олмон, Шветсия, Финландия, Чехия, Австрия, Белгия, Нидерландия, Ирландия ва Хорватия расонаҳои анъанавӣ ҳанӯз ҳам аз шабакаҳои иҷтимоӣ пешсаф мебошанд. Муҳаққиқон ин ҳолатро ба сатҳи баланди эътимоди ҷомеа ба муассисаҳои расонаии анъанавӣ рабт медиҳанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки рақобат байни расонаҳои анъанавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва абзорҳои нави зеҳни сунъӣ дар солҳои наздик боз ҳам шадидтар хоҳад шуд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад