ҲАЁТИ СОЛИМСитораҳои футболи ИМА дар Душанбе

Ситораҳои футболи ИМА дар Душанбе

-

Лорри Фэйр бо футболбозони навраси тоҷик акси дастаҷамъӣ мегирад. Акс аз ФФТ
Ситораҳои футболи ИМА – қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1999 Лорри Фэйр ва ғолиби Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2025 Тони Санне дар Тоҷикистон қарор доранд.
Сафирони варзишии Департаменти давлатии ИМА дар доираи барномаи «Sports Envoys» ба Тоҷикистон омаданд. Ин барнома варзишро ҳамчун воситаи дипломатия, муколамаи байналмилалӣ ва рушди ҷавонон истифода мебарад.
Футболбозони машҳури америкоӣ дар фестивалҳои футбол иштирок намуда, барои писарону духтарон дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор карданд. Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шуда, ба 250-солагии истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 34-солагии муносибатҳои шарикӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст.
Лорри Фэйр ва Тони Санне дар идораи ФФТ
Меҳмонон аз ИМА ҳамчунин аз идораи Федератсияи футболи Тоҷикистон дидан карда, бо ноиби президенти федератсия Искандар Ҷалилов ва котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов мулоқот анҷом доданд.
Ба иттилои ФФТ, дар ҷараёни вохӯрии дӯстона ҷонибҳо масъалаҳои рушди футболи кӯдакону наврасон ва футболи занонро баррасӣ намуда, табодули таҷриба кардаанд ва инчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои варзишӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад