ОЛАМИ МАҶОЗӢҲушдори Австралия: нисбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз...

Ҳушдори Австралия: нисбат ба шабакаҳои иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекунем

-

Австралия ба Facebook, Instagram, YouTube ва TikTok ҳушдор додааст, ки дар иҷрои қонуни манъи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон “камбудиҳои ҷиддӣ” мавҷуданд.

Мақомоти назорати амнияти интернетии Австралия эълон карданд, ки имкони оғози парвандаи судӣ алайҳи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Facebook, Instagram, Snapchat, TikTok ва YouTube-ро баррасӣ доранд. Ба гуфтаи мақомот, ин платформаҳо барои дур нигоҳ доштани кӯдакони то 16-сола аз шабакаҳои худ чораҳои кофӣ намеандешанд.

Қонуни Австралия, ки моҳи декабр қабул шуд, ба кӯдакони то 16-сола иҷозат намедиҳад, ки дар платформаҳое мисли Facebook, X, Snapchat, Instagram, TikTok ва YouTube саҳфа ё аккаунт эҷод кунанд.

Тибқи маълумоти мақомоти амнияти интернетӣ, пас аз се моҳи ҷорӣ шудани қонун, беш аз панҷ миллион аккаунт ғайрифаъол карда шудааст. Аммо шумораи зиёди кӯдакон то ҳол тавонистаанд саҳифаҳои худро нигоҳ доранд, аккаунтҳои нав созанд ё аз низоми санҷиши синну сол дар Facebook, Instagram, Snapchat, TikTok ва YouTube гузаранд.

Дар гузориши нав гуфта мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ усулҳои “самаранок” барои муайян кардани аккаунтҳои ноболиғон надоранд ва инчунин воситаҳои кофӣ барои пешгирии эҷоди чунин аккаунтҳоро истифода намебаранд.

Комиссари амнияти электронии Австралия Ҷулия Инман Грант гуфтааст, идораи ӯ метавонад барои вайрон кардани қонун ҷаримаи шаҳрвандӣ то 49,5 миллион доллари Австралия, ё тақрибан 29,8 миллион евро таъин кунад.

Мақомоти Австралия гуфтаанд, ки то миёнаи сол тасмим мегиранд, ки алайҳи Facebook, Instagram, YouTube, Snapchat ва TikTok даъво пешниҳод кунанд ё не. Ба гуфтаи комиссар, авлавият ба парвандаҳое дода мешавад, ки “нокомиҳои системавӣ” дар ҳифзи кӯдаконро нишон медиҳанд.

Платформаҳое мисли Reddit, X, Kick, Threads ва Twitch низ маҳдудияти синну сол доранд, аммо нисбат ба онҳо ҳоло тафтишот идома надорад.

Вазири алоқаи Австралия Anika Wells гуфтааст, ки ширкатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ “мехоҳанд ҳадди ақал кор кунанд, зеро мехоҳанд ин қонунҳо ноком шаванд”.

Ширкати Meta, ки соҳиби Facebook ва Instagram аст, гуфтааст, ки қонуни Австралияро риоя хоҳад кард, аммо таъкид намудааст, ки муайян кардани дақиқи синну сол дар интернет масъулияти тамоми соҳа мебошад.

Ширкати Snapchat хабар додааст, ки аллакай 450 ҳазор аккаунтро бастааст ва ҳамарӯза аккаунтҳои бештарро масдуд мекунад.

Мудири кулли Snapchat Evan Spiegel манъи Австралияро “таҷрибаи дорои хатарҳои баланд” номидааст. Ӯ гуфтааст, ки бовар надорад дур кардани наврасон аз шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро бехатар ё хушбахттар мекунад.

TikTok аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ кардааст, дар ҳоле ки Alphabet Inc., ки соҳиби YouTube ва Google аст, фавран посух надодааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад