МУВАФФАҚИЯТХотимаи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ. Чаро бидуни иштироки Тоҷикистон?

Хотимаи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ. Чаро бидуни иштироки Тоҷикистон?

-

Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ анҷом ёфт. Ин чорабинии байналмилалии варзишӣ 16 рӯз идома карда, 20 феврал ҷамъбаст гардид.

Дастаи мунтахаби Норвегия бо касби 37 медал (16 тилло, 8 нуқра ва 13 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Мунтахаби Норвегия дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 дар Пёнчҳани Кореяи Ҷанубӣ низ бо касби 39 медал — 14 тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти ҳам сифати медалҳо ва ҳам теъдоди онҳо ғолиб шуда буд.
Дар Олимпиадаи Пекин-2022 мунтахаби Олмон бо касби 27 медал (12 тилло, 10 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми дуюмро азони худ кард. Мунтахаби Чин бо касби 15 медал (9 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шуд.
Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ), Шведсия (8 тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ), Нидерланд (8 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), Австрия (7 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ), Швейтсария (7 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кумитаи олимпии Русия (6 тилло, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ) ва Фаронса (5 тилло, 7 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойгир шуданд.
Ба ғайр аз Русия, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Беларус бо ду медали нуқра дар ҷойи 24-ум, Украина бо як медали нуқра дар ҷойи 25-ум, Эстония ва Латвия бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойи 27-ум қарор гирифтанд. Зимнан, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Тоҷикистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин ширкат надоштанд.
Ҳамин тариқ, дар шонздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 29 кишвар соҳибони медалҳо шуданд, аз он ҷумла намояндагони 23 кишвар медали тилло ба даст оварданд.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин бо ширкати ҳудуди 3000 варзишгар аз 91 кишвар доир гардид. Варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо оид ба 7 намуди варзиш (15 равия) рақобат карданд.

Мутаассифона, Тоҷикистонро дар ин бозиҳо ягон варзишгар намояндагӣ накард. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ахиран гуфт, ба далели маҳдудиятҳои КОВИД 19 иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ таъмин нагардид.

Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бисёре аз мусобиқаҳо барои гирифтани роҳхати олимпӣ дар минтақаи Аврупо баргузор шуданд ва шарту маҳдудиятҳои худро доштанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад