Пешниҳод шудааст, ки дар назди European Union Intellectual Property Office (EUIPO) феҳристи умумие барои тамоми Аврупо таъсис дода шавад. Дар ин феҳрист рӯйхати ҳамаи асарҳои бо ҳуқуқи муаллиф ҳифзшуда, ки барои омӯзиши моделҳои AI истифода шудаанд, сабт мегардад.
Дар санад ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ширкатҳо уҳдадор гарданд то нишон диҳанд, ки маълумотро барои омӯзиши AI аз кадом пойгоҳҳо ҷамъоварӣ кардаанд.
Вакилони парлумон ҳушдор медиҳанд, ки риоя накардани чунин талабот «метавонад ҳамчун нақзи ҳуқуқи муаллиф арзёбӣ шавад», ки барои ширкатҳои фаъолияткунанда дар соҳаи AI метавонад паёмадҳои ҳуқуқӣ орад.
Вакилони аврупоӣ таъкид карданд, ки истифодаи асарҳои дорои ҳуқуқи муаллиф бояд бо подоши одилона сурат гирад, то бахши эҷодии Иттиҳоди Аврупо ҳифз шавад. Ин бахш тақрибан 7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Иттиҳоди Аврупоро таъмин мекунад.



