ҲАЁТИ СОЛИМФаридун Бобозода: нишастҳои матбуотӣ як механизми муассири муколама миёни...

Фаридун Бобозода: нишастҳои матбуотӣ як механизми муассири муколама миёни давлат ва ҷомеа

-

Бобозода Фаридун Толибҷон зимни суханронӣ

23 сентябри соли равон дар доираи як мизи гирд, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва ТҶ «Хома» баргузор шуд, Фаридун Бобозода, муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент ширкат ва суханронӣ карданд.

Матни суханронӣ

Дар ҷаҳони муосир дастрасӣ ба иттилоот яке аз омилҳои муҳимтарини рушди ҷомеа, таҳкими демократия, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи афкори ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош мекунад, то муҳити иттилоотӣ шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати дастрасӣ ба иттилоот як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» мебошад, ки он тартиби дархост ва пешниҳоди иттилоот, маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоот, инчунин масъулияти мақомоти давлатиро барои риояи қонунгузории дахлдор муқаррар намудааст.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳо қабул шудаанд, ки ба таъмини озодии баён, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори омма ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот равона гардидаанд.

Ҳатто дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дипломатияи иттилооотӣ» ҳамчун авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар ҳисобида шуда, зерфасли алоҳида ба он бахшида шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тавсеаи фазои иттилоотӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ инфрасохтори телекоммуникатсионӣ рушд ёфта, дастрасӣ ба интернет ва шабакаҳои мобилӣ васеъ гардида, портали ягонаи иттилоотии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ки дар он маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр мешаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷиҳати ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма ду санади дигари муҳим маҳз бо ибтикори Пешвои миллат ба тасвиб расидаанд, ки 1) амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.03.2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15.09.2011, №АП-1729) ва 2) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» мебошанд.

Рафти иҷрои ин санадҳо аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат бурда мешавад. Нишастҳои матбуотӣ мунтазам натиҷагирӣ шуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва нақзи тартиботи муқарраршуда ба вазорату идораҳо ва ваколатдори ин самт АМИТ «Ховар»  супоришҳои дахлдор дода мешавад.

Бояд ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори оммаи давлативу хусусӣ ва дохиливу хориҷӣ баҳри амалишавии ин ду санади номбаршуда бештару назаррас бошанд. Дар ин самт масъулини вазорату идораҳо, вобастаҳои робита бо ВАО, инчунин намояндагони ВАО ташаббускор бошад.

Нишастҳои матбуотӣ имрӯз ба як механизми муассири муколама миёни давлат ва ҷомеа табдил ёфтаанд, ки вобаста ба амалишавии онҳо дар баромаду муҳокимарониҳо маърузачиёни имрӯза боз ёдовар хоҳанд шуд.

Муҳтарам намояндагони ВАО!

Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 20-уми феврали соли 2019 иброз доштанд, ки дар замони муосир ва раванди босуръату зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои олам, намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани руйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон, огоҳ созанд. Ба хотири ҳифзи амну субот ва ваҳдату ягонагии мардум, инчунин эмин нигоҳ доштан аз таъсири манфии беруна, барномаҳои нишонрас таҳия карда шавад.
Аз ин таъкидҳои Пешвои миллат бармеояд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои ҳар як журналисту рузноманигоре, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва барои Тоҷикистон фаъолият менамояд, муҳофизони маънавии ин миллату сарзаминро мебинад. Яъне мову Шумо – намояндагони ВАО, ҳамкасбони азиз, дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва олам беш аз ҳарвақта огоҳ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бо донишу тахассусмандӣ мусаллаҳ гардем, вобаста ба руйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоем ва дар аксар мавридҳо вокуниш нишон диҳем.

Асри бистуякро асри иттилоот ном мебаранд. Дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Шабакаи ҷаҳонии Интернет дар муқобили матбуоти чопӣ ва телевизиону радио истодааст ва фаъолияте, ки Шумо пеш мебаред эҷодиёти фавқуллода – креативро талаб мекунад.

Имрӯз одамон ба воситаи Интернет аз навигариҳои олам фавран огоҳӣ меёбанд. Аз ин хотир, барои нафароне, ки журналисти бисёрфан нестанд, сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот аз чанд ҷиҳат кори саҳлу осон нест.

Воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, яъне, шабакаҳои телевизиону радио ва Интернет, бахусус фаъолияте, ки Шумо пеш мебаред, аз матбуоти чопӣ дида хонандаву бинандаву шунаванда зиёд дорад. Бесабаб нест, ки солҳои охир пайдарҳам чанд газетаву журналҳои бонуфузу куҳансол, аввал дар Европаву Америка ва соли ҷорӣ дар Тоҷикистон низ аз чоп даст кашида, ба нашри онлайнӣ гузашта истодаанд.

Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунад, ки истифодаи самараноки воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар ноил шудан мумкин аст.

Баҳри таъмини иҷрои ин ҳадафу вазифаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои пур кардани фазои иттилоотӣ ва бо маълумоту фароғат ғанӣ гардонидани мардум шабакаҳои нави давлатии телевизион ва радио таъсис дода шуд. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ порталу сомонаҳои интернетӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои расмии худро доранд. Сатҳу сифати инъикоси хабару гузоришҳо аз фаъолияти онҳо бештару беҳтар шуда истодааст.

Вале бо вуҷуди пешравиҳо, аз онҳо қаноат накарда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастҷамъона чораҷӯйӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Ҳамоиши имрӯза низ шаҳодат аз он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати доштани робитаи ҳамешагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ВАО, омода буда, бо истифода аз ин фурсат барои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ менамояд.

Ба Вазорати фарҳанг ва дигар дастандаркорон барои баргузории чунин чорабинии бонуфуз ташаккур гуфта, ба кори мизи гирди имрӯза барор мехоҳем.

Бобозода Фаридун Толибҷон,
муовини сардори раёсати маориф,
фарҳанг ва иттилооти
Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад