Без рубрикиСухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон: ду бора дар миёни...

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон: ду бора дар миёни музокирот мавриди ҳамла қарор гирифтем!

-

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба радиои Амрико NPR дар посух ба савол оид ба эҳтимоли музокироти дубора бо ҳукумати ИМА таъкид кардааст,  «мо ду маротиба дар миёни музокирот бо ҳукумати Амрико қарор доштем, ки мавриди ҳамла қарор гирифтем. Аз ин рӯ, ҳоло тамоми диққати мо ба дифоъ аз миллати худ равона шудааст. Ба мо ҳамла шудааст. Ин ҷанги ноодилонаест, ки бар миллати мо таҳмил гардидааст ва равиши мо дар баробари он истодагӣ, ҳифзи пойдорӣ ва муқобила бо ин беадолатӣ мебошад.»

Ӯ бо баёни он ки «мо хостори ҷанг нестем ва он чи имрӯз дар минтақа рух медиҳад, натиҷаи таҷовузи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон аст», -афзуд: «Дар чунин шароит барои мо чӣ интихобе боқӣ мемонад? Мо аз мардум ва шаҳрвандони худ ҳимоят мекунем. Мо маҷбурем посух диҳем. Таърихи тӯлонии мо ба мо омӯхтааст, ки бояд аз худ дифоъ кунем. Ҳамзамон, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамаи давлатҳо бояд нисбат ба собиқаи хатарноке, ки ин ҳамла эҷод мекунад, ҳушёр бошанд. Агар ин ба як қоида табдил ёбад, ки ҳар кишвар танҳо ба сабаби норозигӣ аз миллати дигар ба худ иҷозаи ҳамла диҳад ва роҳбарони он кишварро террористона аз байн барад, дар он сурат мо ба сӯи “қонуни ҷангал” босуръат ҳаракат хоҳем кард.»

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ бо таъкид бар он ки амалҳои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Эрон ҳамла ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, изҳор доштааси: «нахустин мушакҳое, ки ба сӯи Эрон партоб шуданд, ба як мактаби ибтидоӣ дар шаҳри Минаб дар ҷануби кишвар бархӯрд карданд. То кунун беш аз 158 духтари ноболиғи бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанд ва бархе ҳанӯз зери вайронаҳо қарор доранд. Имрӯз ҳам бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар маркази Теҳрон ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳатто Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари мо низ мавриди зарба қарор гирифт. Ин иқдомҳо бидуни ҳеҷ далеле анҷом мешаванд. Ин як таҷовузи таҳрикнашуда ва беасос аст.»

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Аз паси чархи кулолӣ ба сӯи орзу. Қиссаи ҷавони мубталои синдроми Даун

Муҳсинҷон Исматбоеви 29-сола гирифтори синдроми Даун аст. Ӯ 2 сол боз дар ҳавлии кулолгарии Қалъаи Хуҷанд ҳунари кулолгарӣ меомӯзад....

Форуми «3ZERO Data Fest». Лоиҳаҳои ҷавонон муаррифӣ шуданд

  Наврасону ҷавонон бо мураббиёни соҳибтаҷриба дар як Hackathon, ки рӯзҳои биступанҷум- бисту шашуми соли равон баргузор шуд, идеяҳои худро...

Аз умед то хатар

Се муҳоҷир, се орзу ва як схемае, ки ҷавононро дар роҳи Аврупо ба дом меандозад. Як посӣ шаб буд....

190 миллион доллар барои Тоҷикистон: ду лоиҳаи нави иқлимӣ тасдиқ шуд

Аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз (Green...
spot_imgspot_img

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати Apple ҳушдор дод

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия ба ширкати амрикоии Apple ҳушдор дод. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкат бояд шароити...

Tesla: Сабаби садамаи марговар автопилот набуд, балки ронанда буд

Ширкати Tesla иддао дорад, ки ронанда, на низоми автопилот, дар садамаи марговаре, ки бо иштироки мошини барқии Model 3...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад