Без рубрикиCNN: исми Трамп дар миёни 3 миллион ҳуҷҷати марбут...

CNN: исми Трамп дар миёни 3 миллион ҳуҷҷати марбут ба Ҷеффри Эпштейн беш аз 1000 бор зикр шудааст

-

Номи президенти ИМА Доналд Трамп дар миёни 3 миллион ҳуҷҷати марбут ба Ҷеффри Эпштейн, ки ахиран нашр шуданд, зиёда аз 1000 бор зикр шудааст. Ин оморро CNN шумурдааст.

Конгресс ба мухолифати Трамп эътибор надода, қонунеро қабул кард, ки Вазорати адлияро муваззаф месохт то нимаи моҳи декабр ҳамаи ҳуҷҷатҳои Эпштейнро нашр кунад. Муовини вазири адлия Тодд Бланш гуфтааст, ки ин ниҳод бо нашри 3,5 миллион ҳуҷҷат иҷрои ин уҳдадориро анҷом дод, ҳарчанд баъзе санадҳо нигоҳ дошта шудаанд.

Дар марҳилаи аввал, ҳуҷҷатҳои моҳи декабр нишон доданд, ки додситонҳо далелҳое дарёфт кардаанд, ки Трамп дар солҳои 1990 чанд маротиба бо ҳавопаймои хусусии Эпштейн парвоз кардааст. Ин изҳороти қаблии Трампро, ки гуфта буд «ҳеҷ гоҳ дар ҳавопаймои Эпштейн набудааст», зери шубҳа бурд.

Ҳамчунин шикояти як зани дигар сабт шудааст, ки 13-солагӣ аз ҷониби Трамп таҷовуз шудааст. Ин зан қаблан даъвоҳои судӣ пешниҳод карда, баъд онҳоро бозпас гирифта буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад