ОЛАМИ МАҶОЗӢGoogle маълумоти нодурусти тиббиро низ пешниҳод мекардааст

Google маълумоти нодурусти тиббиро низ пешниҳод мекардааст

-

Хулосаҳои Google, ки бо зеҳни сунъӣ тавлид мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо маълумоти нодурусти тиббиро пешниҳод мекарданд. 

Тибқи гузоришҳо, Google баъзе AI Overviews хулосаҳои бо зеҳни сунъӣ сохташударо барои дархостҳои вобаста ба саломатӣ ҳазф кардааст. Тибқи натиҷаи таҳқиқот, қисми маълумоти дар ин хулосаҳо ҷойдошта метавонад одамонро ба иштибоҳ андозад.

AI Overviews хулосаҳои тавлидшудаи зеҳни сунъӣ мебошанд, ки ба савол ё мавзӯъ ҷавоб дода, дар қисми болоии натиҷаҳои ҷустуҷӯ пайдо мешавад.

Таҳқиқоти The Guardian муайян кард, ки дар баъзе аз ин хулосаҳо маълумоти нодурусти тиббӣ мавҷуд буд, ки метавонад ба саломатии одамон зарар расонад.

Ахиран Google эълон кард, ки AI Overviews-ро ба хадамоти почтаи электронии Gmail низ илова мекунад. Функсияи нав ба корбарон имкон медиҳад ба ҷои ҷустуҷӯи мактубҳо бо калидвожаҳо, савол диҳанд ва мустақиман ҷавоб гиранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад