ҲАЁТИ СОЛИМИгор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

-

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри Чунтсин баргузор гардид, шарҳ дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Муаллифи голи ягона ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов гардид, ки дар дақиқаи 53-юм ба задани гол муваффақ шуд.
Пас аз бозӣ Ангеловский аҳамияти таърихии ин пирӯзиро таъкид карда, онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшид.
«Пеш аз ҳама, аз номи ҳамаи бозигарон ва ҳайати мураббиёни тими миллии Тоҷикистон мехоҳем ин пирӯзиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз зодрӯз доштанд, бахшем. Ба Президенти кишвар саломатии бардавом орзу менамоем.Бозигарони худро барои баромади шоиста табрик мегӯям. Мо дар тамоми ҷанбаҳои футбол комилан бартарӣ доштем ва дар ниҳоят дар майдони худи Чин сазоворона пирӯз шудем. Ин аввалин пирӯзии таърихии Тоҷикистон бар мунтахаби Чин мебошад.
Бо вуҷуди ин, мехоҳам фавран таъкид кунам, ки ба мо ҳеҷ гуна эйфория лозим нест, зеро барои омодагии комил ба Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ ҳанӯз корҳои зиёде дорем. То оғози мусобиқа ҳамагӣ се моҳ боқӣ мондааст. Дар моҳи ноябр моро боз як равзанаи дигари ФИФА интизор аст ва сипас моҳи декабр ҷамъомади ниҳоии тамринӣ пеш аз Ҷоми Осиё баргузор мешавад.
Ба мухлисон, ки дар ин бозӣ моро дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯям. Ҳамчунин мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуби омодагӣ изҳори сипос намоям.
Тоҷикистон ба пеш!», — гуфт сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пас аз бозӣ.
fft
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Президенти Кореяи Ҷанубӣ пас аз ҳамла ба бонкҳо ба таъсиси низоми муҳофизат аз зеҳни сунъӣ даъват кард

Зеҳни сунъӣ дар ҳамлаҳои ҳакерии ахир ба бонкҳои Кореяи Ҷанубӣ истифода шудааст. Дар ин бора президенти кишвар Ли Ҷэ...

Bloomberg: OpenAI масъалаи ҷалби 10 миллиард доллар аз фондҳои АМА-ро баррасӣ мекунад

Ширкати OpenAI бо чанд фонди сармоягузории Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи ҷалби маблағ музокира дорад. Дар ин бора Bloomberg...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад