ҲАЁТИ СОЛИМСоати Rolex ва сабикаи тилло "дили" Трампро нарм кард

Соати Rolex ва сабикаи тилло «дили» Трампро нарм кард

-

Соати Rolex ва сабикаи тилло аз ҳайати тоҷирони швейдсарӣ тавонист боҷҳои Трампро коҳиш диҳад.

Пас аз гуфтушунидҳои номуваффақи роҳбарияти Швейдсария бо президенти ИМА дар бораи коҳиши боҷҳои гумрукӣ, ҳукумати Швейдсария ҳайати магнатҳои саноатиро бо тӯҳфаҳо ба Кохи Сафед фиристод. Пас аз ин Вашингтон розӣ шуд, ки роҳи ҳамкорӣ боз кунад, гузориш дод Аксиос.

Дар ин ҳайат раиси тиҷорати металлҳои қиматбаҳо MKS PAMP SA Марван Шакарчи, Роҳбари ширкати истеҳсолкунандаи соатҳои гаронбаҳои Rolex Жан-Фредерик Дюфур ва Йоханн Руперт, раиси шӯрои мудирони ширкати Richemont, истеҳсолкунандаи ашёи гарон шомил буданд.

Тоҷирон ба президенти ИМА тӯҳфаҳо бурдаанд: аз Роҳбари MKS PAMP SA Трамп сабикаи тиллоии машҳур ба арзиши тақрибан 130 ҳазор долларро гирифт, ва Дюфур ба Президенти Амрико соати рӯйимизии тилло туҳфа кард. 

Кохи Сафед пас аз сафари тоҷирон ба Амрико боҷҳо барои Швейдсарияро коҳиш дод. Тибқи таҳлили Аксиос, фиристодани ҳайат аз ҷониби ҳукумати Швейдсария пас аз он ки президенти ин кишвар Карин Келлер-Зуттер натавонист бо Трамп дар бораи коҳиши тарифҳо ба натиҷае нарасида буданд.

Вашингтон тарофаҳоро нисбат ба воридот аз Швейдсария 39 дарсад муқаррар кард буд. Аммо 14 ноябр ҳукумати ИМА эълон кард, ки боҷҳо барои молҳои швейцарӣ то 15 дарсад коҳиш меёбанд. Дар иваз, ширкатҳои швейдсарӣ розӣ шуданд, ки сармоягузориҳоро дар ИМА зиёд кунанд.

Конститутсияи ИМА ба аъзои ҳукумати кишвар иҷоза намедиҳад, бидуни иҷозати Конгресс аз кишварҳои хориҷӣ туҳфа қабул кунанд. Аммо Сфеди Сафед соатҳо ва сабикаро ҳамчун тӯҳфаҳо ба китобхонаи президентӣ ба қайд гирифтааст.

Акс аз Аксиос

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад