ҲАЁТИ СОЛИМТашаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ба коҳиши сатҳи фассод мусоидат мекунад

Ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ба коҳиши сатҳи фассод мусоидат мекунад

-

Суҳбат бо Алиакбар Абдуллоев, роҳбари ТҶ «Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ” ва Давлатмурод Каримов, рӯзноманигор ва филмноманавис

Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба давлат аст. Барои мубориза бо он танҳо иқдомҳои сохторҳои давлатӣ кофӣ нестанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва худи шаҳрвандон нақши калидӣ доранд. Аз сатҳи таҳқиқи мустақилонаи рӯзноманигорон то ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ҳамаи ин унсурҳо ба коҳиши сатҳи фассод мусоидат мекунанд.

Ахиран Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намуд, ки муҳлати Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ба итмом мерасад ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) аз тарафи гуруҳи корӣ мавриди таҳия қарор дорад.

Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки «бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия, андешидани чораҳои муассири зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки таклифҳои худро вобаста ба Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия барои марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) то санаи 1 ноябри соли 2025 унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пешниҳод намоянд.» 

Имрӯз мо дар бораи он суҳбат мекунем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна метавонад ба баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва назорати ҷамъиятӣ мусоидат кунад, шаҳрвандон чӣ гуна метавонанд дар ин раванд иштирок намоянд ва чаро муборизаи дастаҷамъӣ бо коррупсия барои давлатдорӣ ва рушди кишвар ҳаётан муҳим аст. Ҳамсуҳбатони мо Алиакбар Абдуллоев, фаъолии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбари ТҶ «Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ” ва Давлатмурод Каримов, рӯзноманигор ва филмноманавис ҳастанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад