ОЛАМИ МАҶОЗӢҶаред Айзекман, дӯсти Маск роҳбарии NASA-ро ба уҳда мегирад

Ҷаред Айзекман, дӯсти Маск роҳбарии NASA-ро ба уҳда мегирад

-

Ҷаред Айзекман, дӯсти Маск роҳбарии NASA-ро ба уҳда мегирад. Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки дубора номзадии Ҷаред Айзекман, кайҳоннавард ва дӯсти миллиардер ва муассиси SpaceX — Илон Маск-ро ба мақоми роҳбари NASA пешниҳод кардааст. Ин иқдом пас аз панҷ моҳ аз лаҳзае сурат гирифт, ки номзадии аввалини Айзекман бозпас гирифта шуда буд.

Айзекман — соҳибкори соҳаи тиҷорати электронӣ ва кайҳоннаварди хусусӣ аст, ки ду маротиба ба мадори Замин парвоз кардааст. Номзадии ӯ барои роҳбарии NASA баъд байни Трамп ва Маск ихтилофи шадид сар зад. Дар моҳи июл, Шон Даффи, роҳбари Вазорати нақлиёти ИМА, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сарвари NASA таъин гардид.

Бозгашти Айзекман ҳамчун номзади нави Трамп ба ин вазифа тақрибан ду ҳафта пас аз изҳороти Даффи рух дод, ки гуфт ширкатҳои дигар низ метавонанд барои қарордоди асосии NASA оид ба фуромадани одам ба Моҳ рақобат кунанд. Ин изҳорот боиси баҳси ошкоро байни Даффи ва Маск гардид, ки кадом ширкат бояд ин масъулиятро иҷро кунад.

Маск дар посух ба хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт:

«Касе, ки масъули барномаи кайҳонии Амрико аст, набояд IQ-и дурақама дошта бошад».

Трамп дар паёми худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт:

«Имшаб ман бо ифтихор номзадии Ҷаред Айзекман — роҳбари бомуваффақият, хайрхоҳ, пилот ва кайҳоннавард — ро барои мақоми роҳбари NASA пешниҳод мекунам».

Ин вазифа бояд аз ҷониби Сенати ИМА тасдиқ карда шавад, ки ҳоло дар он Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Трамп аксариятро ташкил медиҳад.

Айзекман аз президент изҳори сипос намуда, гуфт, ки мехоҳад «бо шараф ба кишвар хизмат кунад». Ӯ 12 сентябри соли 2024 ҳангоми мисссияи Polaris Dawn, дар баландии тақрибан 700 километр аз сатҳи Замин, аввалин шахси хусусӣ гардид, ки ба фазои кушод баромад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад