ОЛАМИ МАҶОЗӢЗанҳо ҳангоми сӯҳбат бо "Алиса" нисбат ба мардон боадаб...

Занҳо ҳангоми сӯҳбат бо «Алиса» нисбат ба мардон боадаб будаанд

-

Занҳо ҳангоми сӯҳбат бо зеҳни сунъии «Алиса» нисбат ба мардон боадаб будаанд. Бино ба таҳқиқоти ширкати Яндекс, насли калонсол нисбат ба ҷавонон ва занҳо нисбат ба мардон ҳангоми муошират бо ёвари рақамии «Алиса» боадабтар мебошанд.

Тибқи таҳқиқот, дар рӯзи аввали шиносоӣ истифодабарандагон эҳсосотӣ ва фаъолона вокуниш нишон медиҳанд, паёмҳои хушмуомила ва дағал дар ин марҳила ба сатҳи баландтарин мерасад. Аммо бо гузашти вақт ва одат кардани одамон ба ёвари рақамӣ, таваҷҷуҳ ба истифодаи одоби сухан паст мешавад. Пас аз шаш моҳ шумораи калимаҳои изҳори миннатдорӣ ва салом қариб ду баробар кам мегардад.

Яке аз нишонаҳои хушмуомилагӣ, муроҷиат ба ёвар бо номаш будааст. Дар рӯзи аввали истифода, дар ҳар даҳум паём корбарон «Алисаро» бо ном садо мекарданд. Дархостҳои овозӣ дараҷаи баландтари муносибати шахсӣ нишон медиҳанд нисбат ба паёмҳои матнӣ. Бо мурури замон истифодабарандагон бештар ба супоришҳои мустақим мегузаранд, бе истифодаи ибораҳои муқаддимавӣ.

Занҳо ибораҳои хушмуомиларо тақрибан 20% бештар аз мардон истифода мекарданд ва 25% бештар ба «Алиса» бо ном муроҷиат менамоянд. Гурӯҳи синну соли аз 55 боло боадабтарин ба ҳисоб меравад — дар тақрибан 7% паёмҳои онҳо унсурҳои одоби сухан дида мешавад. Ҷавонони 18 то 24-сола ин корро тақрибан се маротиба камтар анҷом медиҳанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад