МУВАФФАҚИЯТTibi 100 ҳазор тонна партовро коркард ва ҳазорон манзилро...

Tibi 100 ҳазор тонна партовро коркард ва ҳазорон манзилро бо барқ рушан мекунад

-

Корхонаи Tibi

Корхонаи Tibi солона 100 ҳазор тонна партовро коркард менамояд. Партови барқарорнашаванда дар ин корхона сӯзонда мешавад, бо сӯзондани партов корхона барқ истеҳсол ва 15 000 биноро бо барқ таъмин менамояд. Партови барқароршаванда барои коркард фиристода мешавад ва дубора дар дигар корхонаҳо садҳо маҳсулот истеҳсол мегардад. Корхонаи Tibi дар минтақаи Шарлерои Белгия воқеъ буда, таърихи 70-сола дорад. Корхона ҳудуди ҳазор корманд дорад.

Макони баргузории ҳамоиши “Ҳафтаи Сабз”

Намояндагони ВАО аз Осиёи Марказӣ даҳаи дуюми моҳи июн барои ширкат дар конфронси “Ҳафтаи Сабз”  ба Брюсел сафар карда, аз корхонаи Tibi дидан карданд.

Рӯзҳои 6-7-и июни соли ҷорӣ конфронси “Ҳафтаи Сабз”-и Аврупо 2023 дар шаҳри Брюсели Ҷумҳурии Белгия баргузор гардид. Ин конфронс яке аз бузургтарин чорабинии Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ҳамасола бо ҷалби садҳо намояндагони сохторҳои гуногун дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Ҳадафи ин конфронс бо ҳам овардани сиёсатмадорон, олимон, фаъолони экологӣ, соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дигар сохторҳои давлативи ҷамъиятӣ баҳри муаян намудани мушкилотҳои экологӣ, дарёфти роҳи ҳали ин мушкилиҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои зарарасон ба муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии сокинони сайёра ва ҳифзи муҳити зист аз ифлосшавӣ мебошад.

Мавзӯи калидии конфронси имсола “Ба сифр баробар кардани ифлосшавӣ” буд, ки давоми ду рӯз  майдонеро барои баҳсу муҳокимаи масоили экологӣ фароҳам овард. Чорабинӣ бо суханронии  президенти Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Лейен ифтитоҳ гардид. 

Аврупо ба хатарноктарин мушкилоти экологии 500 соли охир рӯ ба рӯ шудааст. 8 соли охир гармтарин солҳо ба ҳисоб мераванд. Олимони соҳа пешгӯӣ кардаанд, ки солҳои 2023-2024 дараҷаи баландтарин ва рекордии гармшавии иқлим мушоҳида хоҳад шуд, ки метавонад боиси як қатор офатҳои табиӣ дар саросари дунё гардад. Мо ҳамаи инро натиҷаи истифодаи барзиёд ва истихроҷи сузишворӣ медонем. Баъд аз он, ки дар соли 1997 олимон сурохшавии қабати озонии ҳаворо мушоҳида кардаанд, тақрибан 200 кишвар барои даст кашидан аз истифодаи маводҳои кимёвии хатарнок розӣ шуданд. Аввалҳои имсол Созмони Миллаи Муттаҳид хабар дод, ки қабати озонии ҳаво дар 10 соли оянда метавонад пурра барқарор шавад. Инчунин натиҷаҳои мусбат низ мушоҳида мешаванд. Соли гузашта бори аввал ИА нисбат ба газ аз офтоб ва шамол бештар нерӯ истеҳсол кард ва мо барои дучанд кардани он дар соли ҷорӣ талош дорем”. – гуфт, Урсула фон дер Лейен, президенти Иттиҳоди Аврупо.

Урсула фон дер Лейен президенти Иттиҳоди Аврупо зимни суханронӣ

Имсол дар баробари намояндагони сохторҳои гуногун инчунин блогеру рузноманигорони нашрияву расонаҳои Аврупоӣ ва Осиё Марказӣ дар ҳамоиш ширкат доштанд. Аз ҷумла 16 рӯзноманигор аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон барои ширкат дар конфронс даъват шуда буд.

Ҳадаф аз даъвати журналистон ба конфронс баланд бардоштани дониши экологии онҳо ва истифодаи воситаҳои ахбори омма баҳри огоҳонии бештари сокинон аз натиҷаҳои проблемаҳои экологӣ ва тарғиби роҳу усулҳо барои коҳиш додани ин мушкилот буд. Дар баробари иштирок дар конфронс, инчунин журналистон имкон доштанд бевосита бо суханварони ҳамоиш, ки коршиносону олимони соҳаи экология буданд суҳбат анҷод дода ба суолҳои худ посух гиранд.

Журналистон иштирок дар конфронсро барои худ муфид арзёби карда, аз иқдомҳои пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо барои бартарф кардани проблемаҳои экологӣ пуштибонӣ карданд.

“Бӯҳрони иқлимро метавон эҳтимолан харобиовартарин фалокати экологии глобалӣ арзёбӣ кард, ки имрӯз тамоми ҷаҳон бо он рӯбарӯ аст. Ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина бештар осебпазиранд”, — мегӯяд Алия Ҳамидуллина, рӯзноманигор аз Тоҷикистон

Ин аввалин сафари ман ба як кишвари аврупоӣ буд. Маро кӯчаҳои тозаву озодаи Брюссел мафтун кард. Коркарди партовҳо ва истифодаи он ҳамчун энергия як қадами воқеан муҳим дар роҳи ҳифзи муҳити зист мебошад. Таҷрибаи ҷудо кардани партовҳо ба навъҳо ва чӣ тавр бо камоли масъулият муносибат кардани шаҳрвандон ба он хеле ибратбахш аст. Ин ҳама метавонад барои кишвари мо як таҷрибаи хубе бошад”,- таассуроти худро иброз дошт хабарнигори тоҷик Шодмон Кенҷаев.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад