ҲАЁТИ СОЛИМВобастаи бозии онлайнӣ аҳли оилаашро кушт

Вобастаи бозии онлайнӣ аҳли оилаашро кушт

-

Додгоҳи Покистон як навраси 17-сола, бо номи Зайн Алиро ба 100 соли зиндон маҳкум кард. Ин наврас модар, бародар ва ду хоҳарашро куштааст. Ба гуфтаи нашрияи TThe Independent, ин ҷиноят дар натиҷаи хароб шудани асаб наврас, ки вобастаи бозии онлайнии PUBG будааст, содир мешавад

Ҳукм 24 сентябр аз ҷониби додгоҳи шаҳри Лоҳур эълон шуд. Додрас Риёз Аҳмад ба Алӣ  барои ҳар кушта 25 сол маҳрумият аз озодӣ таъин кард. Ба ҷои ҳукми қатл, бо дарназардошти синни ҷавонаш дар вақти содир кардани ҷиноят Алӣ маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ гардид.

Додрас гуфтааст, маҳкумшуда тамоми оилаашро зери таъсири бозии онлайн бераҳмона кушт. Бо назардошти синнаш, ба ӯ чор ҳукми абад таъин карда шуд, на ҳукми қатл.

Замони рӯй додани фоҷеа Зайн Алӣ ҳамагӣ 14 сол дошт. Ӯ бо оилааш дар маҳаллаи серодами Кахна, дар шаҳри Лоҳур зиндагӣ мекард ва ҳамчун «бозингари PUBG» маъруф буд. Наврас аксари вақтро дар ҳуҷраи худ мегузаронд ва модараш чандин маротиба ӯро барои вобастагӣ ба бозӣ сарзаниш карда будааст.

Пулис хабар додааст, ки вақте Алӣ вазифаҳои бозиро иҷро карда наметавонист, рафтори хашмгинаш бештар мешуд. Дар рӯзи куштор, пас аз он ки ӯ натавонистааст як вазифаи бозиро иҷро кунад, худро дигар идора карда натавонистааст.

Ӯ таппончаи модарашро гирифта, ба утоқе ворид шуд, ки модараш бо ду хоҳари хурдсолаш хоб буданд, ва сӯйи онҳо тир кушод. Модараш Наҳид Муборак (45-сола), бародари калонаш Темур (20-сола) ва хоҳаронаш Маҳнур (15-сола) ва Ҷаннат (10-сола) дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд.

Дар қарори худ додрас таъкид кард, ки ҷинояти Али маҳз аз вобастагии ӯ ба бозӣ сарчашма гирифтааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад