Нашрияи Business Insider ба кормандонаш иҷозат дод, ки аз зеҳни сунъӣ (AI) барои таҳияи мақолаҳо истифода баранд. Ба иттилои Status, эҳтимол нашрия хонандагонро дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ огоҳ накунад.
Тибқи маълумоти Status, қоидаҳои нав дар бораи истифодаи зеҳни сунъӣ рӯзи 18 сентябри соли 2025 аз ҷониби сармуҳаррир Ҷейми Хеллер эълон шуданд. Ин сиёсати редаксионӣ ба рӯзноманигорон иҷозат медиҳад, ки аз зеҳни сунъӣ «ҳамчун абзори иловагӣ» барои вазифаҳо, мисли таҳқиқи мавзӯҳо ва таҳрири тасвирҳо истифода намоянд.
Ба ишораи Status, мақолаҳое, ки қисман бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳия шудаанд, хонандагон огоҳ карда намешаванд, ки дар таҳияи матлаб аз зеҳни сунъӣ истифода шудааст.



