БИЗНЕС-КЛУБ"Trump Mobile" iPhone-ҳои барқароршударо аз мағозаҳои расмӣ гаронтар мефурӯхтааст

«Trump Mobile» iPhone-ҳои барқароршударо аз мағозаҳои расмӣ гаронтар мефурӯхтааст

-

Trump Mobile, ки аз ҷониби Trump Organization бунёд шудааст, эълон намуд, ки стратегияашро тағйир дода, ба фурӯши смартфонҳои барқароршуда оғоз мекунад. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки “смартфони Трамп” T1 бо рӯйкашҳои тиллоӣ, ки интизораш буданд, ҳанӯз омода нашудааст, агарчи тибқи нақша моҳи сентябр бояд ин кор амалӣ мегардад, аммо мӯҳлат ба вақти номаълум ба таъхир афтод. 

Ҳоло Trump Mobile моделҳои барқароршудаи iPhone 15, iPhone 14, Samsung Galaxy S24 ва Galaxy S23-ро пешниҳод мекунад. Ҳамаи ин дастгоҳҳо дар ИМА истеҳсол нашудаанд. Нархи онҳо аз 369 доллар барои Galaxy S23 то 629 доллар барои iPhone 15 мебошад.

Бо вуҷуди ин, нархҳо назар ба бозор хеле баланданд: iPhone 15 дар Trump Mobile 100 доллар гаронтар аз мағозаи расмии Apple аст, iPhone 14 бошад 40 доллар гаронтар. Барои смартфонҳои барқароршудаи Samsung низ дар дигар нуқтаҳо нархҳои арзонтар ёфтан имкон дорад.

Харид аз Apple оқилонатар аст, зеро дастгоҳҳо бо истифода аз қисмҳои аслии ширкат навсозӣ шуда, бо кафолати яксолаи расмӣ меоянд. Дар ҳоле ки Trump Mobile чунин кафолат намедиҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад