ОЛАМИ МАҶОЗӢЧат-ботҳо ба 50% -и дархостҳо дар соҳаи тиб...

Чат-ботҳо ба 50% -и дархостҳо дар соҳаи тиб ва саломатӣ ҷавобҳои нодуруст додаанд

-

Чат-ботҳое, ки бар пояи зеҳни сунъӣ (AI) сохта шудаанд, тақрибан дар 50%-и ҳолатҳо ба дархостҳо дар соҳаи тиб ва саломатӣ ҷавобҳои нодуруст додаанд. Тибқи як пажӯҳише, ки дар маҷаллаи илмии тиббии BMJ Open нашр кардааст, бештар аз ҳама хато аз ҷониби Grok содир шудааст.
Дар таҳқиқот панҷ чат-боти маъруф иштирок доштанд: Gemini, DeepSeek, Meta AI, ChatGPT ва Grok. Ба ҳар яке аз онҳо даҳ савол вобаста ба мавзӯҳои саратон, эмгузаронӣ, ҳуҷайраҳои бунёдӣ, ғизо ва варзиш дода шуда, ҷавобҳои гирифташуда барои арзёбӣ ба коршиносон ирсол гардиданд.
Муҳаққиқон қайд карданд, ки сифати ҷавобҳо миёни чат-ботҳо тақрибан дар як сатҳ буд, вале Grok нисбатан бештар ҷавобҳои пур аз иштибоҳ пешниҳод мекард. Зикр шудааст, ки беҳтарин натиҷаҳо зеҳни сунъӣ дар мавзӯъҳои эмгузаронӣ ва саратон нишон доданд, дар ҳоле ки заифтарин нишондиҳанда дар мавзӯи ғизо буд. Чат-ботҳо қариб ҳамеша бо итминон ҷавоб медоданд ва танҳо дар ду ҳолат аз 250 ҳолат аз посух додан худдорӣ карданд.
Илова бар ин, ҳеҷ яке аз системаҳои зеҳни сунъӣ натавонист рӯйхати пурра дурусти манбаъҳоро пешниҳод кунад. Ба ҷои ин, онҳо хаёлпардозӣ ба истилоҳ “галлюцинация” доштанд, яъне манбаъҳоро худ мебофтанд. Ба баҳогузории муҳаққиқон, натиҷаҳои ҷавобҳо барои фаҳмидан душвор буданд, зеро сатҳи мураккабии онҳо ба матнҳои донишҷӯёни курси дуюм баробар буд. 
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад