ҲАЁТИ СОЛИМThe Wall Street Journal: номи Трамп дар парвандаи Эпштейн...

The Wall Street Journal: номи Трамп дар парвандаи Эпштейн зикр шудааст

-

Конгресси ИМА беш аз 30 ҳазор саҳифа маводҳои марбут ба парвандаи Эпштейнро нашр кард. Ифшои ин ҳуҷҷатҳоро ҷумҳурихоҳон низ талаб доштанд. Дар байни ҷонибдорони нашри онҳо миллиардер Илон Маск ҳам буд, ки дар авҷи баҳсаш бо Трамп дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки дар «рӯйхати Эпштейн» номи президенти ИМА низ ҳаст. Баъдтар ӯ паёмро ҳазф карда иқрор шуд, ки шитобкорӣ намудааст, аммо ҳамоно исрор дошт, ки санадҳо бояд нашр шаванд.

The Wall Street Journal хабар додааст, ки номи Трамп дар парвандаи Эпштейн зикр шудааст. 

Кумитаи назоратии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА беш аз 33 ҳазор саҳифа ҳуҷҷатҳои парвандаи сармоягузори маъруф Ҷеффри Эпштейнро нашр кард.  Эпштейн барои ҷиноятҳои шаҳвонӣ маҳкум шуда буд ва 2019 дар зиндон худкушӣ кард.

Маводҳоро Вазорати адлияи ИМА пешниҳод кардааст. Онҳо аз ҳуҷҷатҳои судӣ, маълумот дар бораи парвозҳо, сабтҳои камераҳои назоратӣ дар зиндон, шаҳодатҳо ва дигар далелҳо иборат мебошанд.

Ҳоло маълум нест, ки чӣ қадар иттилооти муҳим дар ин санадҳо ҷой дорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад