МУВАФФАҚИЯТАфзалиятҳои Барномаи нав: рақамикунонӣ, рушди саноату зеҳни сунъӣ...

Афзалиятҳои Барномаи нав: рақамикунонӣ, рушди саноату зеҳни сунъӣ…

-

Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 аз ду барномаи дигари миёнамуҳлати қаблӣ бо чанд хусусият тафовут дорад.
Дар лоиҳаи ин барномаи нав ҳадафу афзалиятҳои рушди кишвар, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳои соҳаи муҳим инъикос гардидаанд.
24 июли соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии зинаи якум оид ба таҳияи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазирони адлия, молия, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раисони Бонки миллӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Директори Агентии содирот ва муовинони вазорату идораҳои дигар суханронӣ намуда, пешниҳодҳои худро барои такмили барномаи мазкур манзур карданд. Ин барнома то ҳол комил нашудааст ва гуруҳи корӣ қадамҳои минбаъдаро дар машваратҳои оянда муайян хоҳанд кард.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад. Ҳадафи ин стартегия расидан ба рушди устувори иқтисодӣ, беҳбудии зиндагии аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ маҳсуб мешавад иборат аз се Барномаи рушди миёнамуҳлат мебошад.
Аз ҷумла :
1. Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои (2016–2020)
2. Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои (2021–2025)
3. Барномаи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои (2026–2030 навиштани шарҳоро фаромӯш накунед.

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад