МУВАФФАҚИЯТКӯдакони дорои ниёзи махсус дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба...

Кӯдакони дорои ниёзи махсус дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд?

-

Дар муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ – кӯдакистони № 22 — и Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 кӯдаки дорои ниёзи махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Онҳо дорои ташхиси гуногунанд ва дар кӯдакистон баробари дигар кӯдакон зери назорату тарбияи мураббиёни соҳибтахассус қарор доранд.

Дилноза Эргашова сокини Ҷамоати деҳоти Зарзамин буда,  модари ду кӯдаки дорои ниёзи махсус аст. Яке сустзеҳн буда, дигаре бо нуқси забонӣ дар кӯдакистони зикршуда таҳсил мекунанд. Модарашон бештар аз дигарон шод аст, ки онҳо ба боғча мераванд.

«Дилнураю Гулсанам дар хона нишаста, ба ғайр аз телевизион дигар чизеро дида наметавонистанд.  Аз муҳите, ки дар он ҳамсолони солимашаон ҳастанд, дур буданд. Шукр мегӯям, ки 2 сол боз ба кӯдакистон рафта, бо бачаҳои солим муоширату бозӣ мекунанд. Пештар одами бегонаро бинанд, гиря мекарданд. Мураббиён низ муносибати хуб доранд. Кӯдаконам ҳар рӯз бо завқ мегӯянд, ки ”ба боғча меравам.”, — бо хушнудӣ афзуд модари кӯдакони маълул.

Онҳо ба ҳамсолони худ рақсу бозӣ кардан, расм кашидан, дар ҷойи ҷамъиятӣ мустақилона одоби нишастухезро омӯхтанд, ки қаблан он қадар хуб  наметавонистанд.

«Аҳли оила низ ба кӯдакистон ҷалб шудани Дилнураю Гулсанам изҳори хушнудӣ доранд. Ман ҳам бо дили пур онҳоро ин ҷо монда, ба кор меравам. Мураббиён бо бачаҳоям маҷмӯи машқу маҳси ба саломати судбахшро аз ман беҳтар иҷро мекунанд. Муҳим ин ки,  фарзандонам ҳаваси омадан ба кӯадкистон доранд.», — иброз дошт Дилноза Эргашова.

Дилафрӯзхон Усмонхонова яке аз  мураббиёни ҷавони муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони № 22 — и Ҷамоати деҳоти Зарзамин аст. Марҷона Рустамзода яке аз таълимгирандагони гурӯҳаш буда, ки ба ӯ ташхиси фалаҷи сутунмӯҳра гузошта шудааст. Мураббия бо ин кӯдак машқҳои махсуси тавонбахширо мегузаронад.

Ин машқ барои ором шудани асаб, мустаҳкамшавии мушакҳо ва нигоҳ доштани тавозун кумак мекунад. Онро ҳафтае ду бор бо Марҷона такрор мекунем. Боз ба курсии махсус, ки барои нигоҳ доштани сутунмуҳра мусоидат мекунад,  ӯро менишонем.”, — шарҳ дод мураббӣ.

Ин мураббӣ мегӯяд, Марҷона аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле беҳтар шудааст. Бо ангуштонаш дасти дигар кас, ё бозичаву ашёҳоро дошта метавонад, ки ин ҳам барои онҳо натиҷаи мусбат аст. Дарки эҳсоси кӯдак низ ривоҷ ёфтааст, чун худаш баъзе машқҳоро такрор карда метавонад.

Зӯҳро Охунова сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров модари як тан кӯдаки маълул аст. Фарзандаш Нурангез Ёқубова ташхиси зеҳнан қафомонда ва кашиши дасту пой дорад. Ӯ  5 сол қабл кӯдакистони № 22 –и Ҷамоати деҳоти Зарзаминро хатм карда, имрӯз дар хона таълим мегирад.

“Фарзандам маъюб аст, аммо аз ҷамъият дур нест. Хӯрокхӯрӣ, гапзанӣ ва маҷмӯи машқҳои ҷисмониро омӯхт, ки ин натиҷа бештар ба кори  мураббиён ва муҳити кӯдакистон вобаста аст. Ҳарфҳоро омӯхта буд. Хомаро бо даст дошта метавонист. Ёд гирифтани чунин малакаҳо асос шуд, ки дар мактаб танқисӣ накашем. Бо ҳамсинфонаш тез унс гирифт. Муаллимонаш ҳам кӯдаконро ба солиму бемор ҷудо намекунанд.», — гуфт Зӯҳро Охунова.

Зӯҳро Валиева мудирии кӯдакистони № 22 аст. Ӯ аз рӯзҳои аввали фаъолият барои фароҳам овардани муҳити мусоиду дастрас талош меварзад. Муассисаи мазкур моҳи октябри соли 2021 ба фаъолият пардохт, ки аввалин кӯдакистони давлатӣ дар ин ҷамоат мебошад.

«Мо кӯшиш кардем, ки муҳити фарогир барои ҳамаи кӯдакон муҳайё созем. Бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Манбаи меҳр” омӯзиши мураббиёнро ба роҳ мондем. Онҳо омӯзиш гирифтанд, таҷриба омӯхтанд ва ҳоло бо чунин кӯдакон бо таҳаммулпазирӣ кор мекунанд.», — афзуд ӯ.

Дар як ҳафта ду бор мутахассисони “Манбаи меҳр” ба кӯдакистон омада, машғулиятҳои махсус барои кӯдакони маъюб мегузаронанд. Машқҳо вобаста ба навъи маъюбии кӯдакон сурат гирифта, барои рушди ҳаракати нозуки дастон ва инкишофи ақлонӣ мусоидат мекунад.

“Аз 15 тан кӯдаки маълул  3 нафар мубтало ба аутизм, 2 нафар ба синдроми даунаи модарзодӣ, 5 нафар гирифтори фалаҷи мағзи сар ва 3 нафар фалаҷи сутунмуҳра мебошанд. Шарикони рушд барои ин кӯдакон  курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ дастрас карданд. Вале бозичаҳои махсус ҳанӯз кифоя нестанд. Дар ин самт баъзе саховатмандон кумак мекунанд, вале боз эҳтиёҷ дорем.”, — илова кар мудири кӯдакистон.

Намояндагони ТҶ «Меҳр» дар ширхоргоҳ-кӯдакистон

Бо модарони ин кӯдакон машваратҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ баргузор мегарданд. Равоншиносони даъватшуда бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода, маслиҳат медиҳанд, ки чӣ гуна дар хона бо кӯдак муносибати дуруст кард.

“Вақте модар бо кӯдаки маъюб танҳо мемонад, хаста мешавад Мо бо онҳо суҳбат гузаронида, рӯҳияашонро беҳтар мекунем. Онҳо дар аввал шарм медоштанд,  ки кӯдаконашонро ба кӯча бароранд.” – афзӯд Зуҳро Валиева.

Ба назари ин ҳамсуҳбати мо, ҳадафи асосии таҳсилоти фарогир таъмини дастрасии баробар ба ин ё он навъи таҳсилот ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили бомуваффақияти ҳамаи кӯдакон, новобаста ба хусусиятҳои инфиродӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодии волидайн, қобилияти рӯҳӣ ва ҷисмонии кӯдак мебошад.

Маҳфузахон Шарипова, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаи меҳр” аст. Ин ташкилот аз соли 2012 то инҷониб барои тавонбахшӣ гирифтани кӯдакони маъюб ва ҷалби онҳо ба таҳсилот мусоидат мекунад.

“Дар Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯдакони дорои маъюбият зиёданд. Аммо на ҳар волидон имкони овардани тифли худро ба шаҳри Хуҷанд доранд. Аз ин рӯ, бо дастгирии шуъбаи маорифи ноҳия ва ба роҳ монданӣ ҳамкорӣ бо мудири кӯдакистони № 22 – и ҷамоати мазкур тасмим гирифтем, ки барномаи тавонбахишро дар худи кӯдакистон ба роҳ монем. Кормандони ташкилот ҳафтае ду бор ба он ҷо рафа, бо бачагони дорои маъбият машғулият мегузаронанд.”, — гуфт Маҳфузахон Шарипова. 

Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаи меҳр” барои кӯдакони аз  1 то 8-сола хизматрасонии тавонбахширо бар роҳ монда, машғулиятҳоро барои инкишофи ҷисмонӣ, ақлониву равонӣ ва иҷтимоии кӯдакону модарони онҳо мегузаронд.

«Имрӯз 120 кӯдаки маълул аз хизматрасонии ташкилот баҳраваранд. Онҳо бо ташхисҳои фалаҷаи майнаи сар, синдром Дауна, ақибмонии ақлу нутқ, гидросефалия, микросефалия  ва ғайра ба барномаи тавонбахшӣ ҷалб шуданд. Дар соли сипарӣ 21 нафар  кӯдаки маълул, ки аз хизматрасонии ташкилот баҳрвар гардида буданд, ба муассисаи таълимӣ ҷалб шуданд. Ҳамзамон, 3 нафар кӯдаки хурдсол ба муассиса таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шуданд. Дар нақша аст, ки дар соли 2025 низ 16 кӯдаки дорои ниёзи махсус ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб шаванд.», — илова кард Маҳфузахон Шарипова.

Тибқи иттилоъи Парвина Ҳакимова, мутахассиси шуъбаи таҳсилоти томактабии Раёсати маорифи вилояти Суғд дар соли 2025-ум 90  кӯдаки то 7- сола бо ташхисҳои ноқисулақл, ҷисман носолим, нобинову биноиши сустдошта, деркаршудаву сустшунаво ва фалаҷи сутунмуҳра сабти ном шудаанд. Аммо маълум нест, ки чӣ қадар аз ин нафарон ба таҳсилоти фарогир ҷалб гардидааст.

Яке аз принсипҳои асосии таҳсилоти фарогир ин дахолати барвақтӣ ва ҳамгироии кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус дар муассисаҳои томактабӣ мебошад ва ин на танҳо барои худи кӯдак, балки барои тамоми ҷомеа муҳим аст. Рушди барвақтӣ, таълим, нигоҳдорӣ ва мустаҳкамнамоии тандурустӣ, амнияти иҷтимоӣ ва таъмини имконияти баробар ба рушди иқтисодӣ таъсир мерасонад.

Тибқи маълумоти Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 15 – уми декабри дар соли 2024 теъдоди кӯдакони маъюб ба 34 364 нафар баробар аст. Дар соли хониши 2024-2025-ум 7 460 нафар (2 927 духтар) кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилотӣ ва 981 нафар кӯдакони маъюб дар шароити хона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шаҳри Ҳисор макони рақобати мунтахаби ТоҷикистонуФилиппин

Федератсияи футболи Тоҷикистон макон ва вақти оғози бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё–2027 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин-ро тасдиқ...

Дания ва ИМА дар масъалаи Гренландия ба созиш нарасиданд

Ларс Лёкке Расмуссен, вазири корҳои хориҷии Дания пас аз мулоқот бо Ҷей Ди Вэнс, ноиби президенти ИМА ва Марко...

Парвозҳо бар фарози Эрон ин субҳ аз сар гирифта мешавад

Эрон парвозҳо бар фарози кишварро то субҳи 15 январ маҳдуд гардида буд. Пештар хабар дода мешуд, ки ИМА метавонад...

Google маълумоти нодурусти тиббиро низ пешниҳод мекардааст

Хулосаҳои Google, ки бо зеҳни сунъӣ тавлид мешаванд, дар баъзе ҳолатҳо маълумоти нодурусти тиббиро пешниҳод мекарданд.  Тибқи гузоришҳо, Google баъзе...
spot_imgspot_img

Малайзия Grok-ро ба додгоҳ мекашад

Мақомоти Малайзия эълон карданд, ки алайҳи платформаи иҷтимоии X-и Илон Маск ва бахши зеҳни сунъии он — xAI чораҳои...

Майя Санду аз пайвастани Молдова ба Руминия ҳимоят мекунад

Майя Санду, Президенти Молдова изҳор доштааст, ки дар сурати баргузор шудани раъйпурсӣ (референдум) ӯ ба тарафдории пайвастани кишвараш ба...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад