МУВАФФАҚИЯТСистемаи Android чӣ гуна заминларзаро мушаххас мекунад?

Системаи Android чӣ гуна заминларзаро мушаххас мекунад?

-

Натиҷаҳои таҳлил. Аксҳо аз https://research.google/blog

Google шабакаи ҷаҳонии смартфонҳои Android-ро ба системаи пуриқтидори огоҳкунандаи заминларза табдил дод.

Ширкати Google шабакаи ҷаҳонии смартфонҳои Android-ро ба як системаи пуриқтидори муайянсозии заминларза табдил додааст. Ин система аллакай ба миллионҳо одамон дар 98 кишвари ҷаҳон ҳушдор ирсол менамояд то ҷои амн пайдо кунанд. Дар бораи ин технологияи нав дар блоги расмии Google иттилоъ дода шудааст.

Технология бо номи Android Earthquake Alerts System (Системаи огоҳкунандаи заминларзаи Android) маъмул буда акселерометрҳои дохилии смартфонҳо-ро истифода мебарад. Ҳангоме ки телефон дар ҳолати беҳаракат мавҷи ибтидоии P (пеш аз зарбаи асосӣ)-ро ҳис мекунад, сигнал ба серверҳои Google фиристода мешавад. Система маълумоти садҳо дастгоҳро таҳлил карда, заминларзаро тасдиқ мекунад, шиддат ва макони онро муайян месозад ва огоҳӣ мефиристад.

Система ду навъи огоҳӣ дорад:

  • BeAware («Огоҳ бош» – барои ларзишҳои сабук)

  • TakeAction («Иқдом намо» – барои ларзишҳои шадид), ки тамоми экранро фаро мегирад ва бо садои баланд ҳушдор медиҳад.

Ҳадаф аз он – расонидани огоҳӣ одамони зиёд пеш аз расидани мавҷи сусту харобкунандаи S мебошад.

Дар давоми 4 соли фаъолият, система беш аз 18 000 заминларзаро бо шиддати аз 1.9 то 7.8 сабт кардааст. Ба туфайли ин лоиҳа, шумори одамоне, ки ба низоми огоҳии барвақт аз заминларза дастрасӣ доранд, аз 250 миллион дар соли 2019 то 2,5 миллиард дар имрӯз афзоиш ёфтааст.

Самаранокии система бо мисолҳои воқеӣ тасдиқ шудааст. Масалан, ҳангоми заминларзаи шиддати 6,2 дар Туркия дар соли 2025, аввалин огоҳӣ ҳамагӣ 8 сония пас аз оғози ларзиш фиристода шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад