ОЛАМИ МАҶОЗӢПавел Дуров дар бораи тарҳҳои қаллобӣ тариқи Telegram гуфт

Павел Дуров дар бораи тарҳҳои қаллобӣ тариқи Telegram гуфт

-

Паёми Дуров дар телеграм

Павел Дуров дар бораи тарҳи қаллобӣ тариқи тӯҳфаҳо дар Telegram гуфт. Поягузори паёмрасони Telegram Павел Дуров дар канали шахсиаш корбаронро дар бораи тарҳҳои қаллобӣ бо тӯҳфаҳо ва номҳои корбарӣ (юзернеймҳо) ҳушдор дод.

Ба гуфтаи ӯ, тӯҳфаҳои нодир, рақамҳо ва номҳои корбарӣ, ки қаблан бо чанд доллар харида мешуданд, ҳоло метавонанд бо нархи зиёда аз 100 ҳазор доллар фурӯхта шаванд.

«Мо мебинем, ки қаллобон бо таҳдид ва шантаж корбаронро маҷбур мекунанд, ки ин ашёи коллексионии арзишмандро бидиҳанд. Ҳамчунин гузоришҳо дар бораи каналҳое ҳастанд, ки бо фишор ва таҳдид ба фош кардани маълумоти шахсӣ ё махфӣ, пул талаб мекунанд.», — гуфтааст Дуров.

Ӯ таъкид кардааст, ки баъзе қаллобон ин схемаро ба як модели доимии «бизнес» табдил додаанд — онҳо паёмҳои шармоварро нашр мекунанд ва барои пок кардани он пул мегиранд. Дуров афзуд, ки чунин амалҳо ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ ҳастанд.

Дар паёми худ ӯ корбаронро ташвиқ кард, ки дар бораи чунин ҳолатҳо гузориш диҳанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад