ОЛАМИ МАҶОЗӢAmazon ва Google барои фароҳамсозии имконоти "бараҳнасозии" занон муттаҳам...

Amazon ва Google барои фароҳамсозии имконоти «бараҳнасозии» занон муттаҳам мешаванд

-

Amazon ва Google барои фароҳамсозии имконоти «бараҳнасозии» занон тавассути зеҳни сунъӣ муттаҳам мешаванд.

Саноати бисёрмиллиондоллара, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ тасвирҳои сохтаи бараҳнаи занонро эҷод мекунад, ба таври васеъ аз серверҳо ва хадамоти технологӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Google ва Amazon истифода мебарад. Дар бораи ин натиҷаҳо ширкати таҳқиқотии Indicator гузориш додааст.

Таҳлили 85 платформаро, ки Indicator анҷом додааст, нишон медиҳад, фаъолияти онҳо бо хадамотии абрии Amazon, шабакаҳои паҳнкунии муҳтаво (CDN) аз Cloudflare ва низомҳои бақайдгирии Google таъмин мегардад. Ин пуштибонӣ имкон медиҳад, ки як соҳаи пинҳонии саноат рушд ёбад, ки гардиши солонаи он, ба ҳисобҳои таҳқиқотгарон, метавонад ба 36 миллион доллар расад. Вале даромадҳои воқеии операторҳо метавонанд боз ҳам зиёдтар бошанд, зеро онҳо дар дигар платформаҳо, масалан, Telegram, фаъолият мекунанд.

Гарчанде намояндагони ширкатҳои бузурги IT гуфтаанд, ки чораҳои зидди чунин қонуншиканӣ меандешанд,аммо ин хадамотҳо то ҳол фаъоланд ва ба усулҳои мураккаби канорагирӣ аз маҳдудсозӣ рӯ меоранд. Операторҳо доменҳои сохта ва URL-ҳои пинҳонӣ истифода мебаранд, то ҳангоми сабти ном бо ҳисоби Google ё Apple аз филтрҳои автоматӣ гузаранд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад