БИЗНЕС-КЛУБГалстукпӯшӣ: талабот ё шаҳомот? (Пурсиш)

Галстукпӯшӣ: талабот ё шаҳомот? (Пурсиш)

-

Дар Тоҷикистон галстукро аксари ҷавонон ҷиҳати иҷрои талаботи муассисаҳои таълимӣ ва гурӯҳи дигар дар ҷойи кор мепӯшанд, ки аз коргар будани онҳо дарак медиҳад. Нафаронеро низ метавон пайдо кард, ки ба хотири шику зебо намудор шудан, онро дар гардан меовезанд.

Галстук ҳамчун як порчаи матои ороишӣ асрҳо боз истифода мешавад. Ҳамчунин ҳоло галстук як ҷузъи муҳими либоси расмӣ пазируфта шудааст.

Сабабҳои истифодаи галстук хеле зиёданд. Дар аксар муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту идораҳо ба бар кардани галстук ҳатмист, махсусан барои мардон. Барои занон пӯшидани галстук ҳатмӣ нест.

Дар фарҳанги баъзе аз кишварҳо галстук ҳамчун қисми асосии либоси миллииашон эътироф шудааст. Ба ҷуз аз либосҳои расмӣ онро бо дигар намуд либосҳои миллии анъанавӣ ба бар мекунанд.

Ҳоло анвои зиёди галстукро мебинем, ки ҳар кадом вобаста ба рангу навъи либос ва замону макон интихоб ва пӯшида мешавад. Қариб ҳама галстукҳо намуди мушобеҳ дошта, бо андоза ва  тарзи бастани гиреҳашон аз якдигар фарқ мекунанд.

Таърих

Галстук таърихи беш аз 3-асра дорад. Аввалин бор соли 1646 дар Фаронса пайдо гардидааст. Пештар сарбозон ва зархаридони хорватӣ ҳамчун анъана порчаи матоеро ба гарданашон мебастанд, ки ба пайдоиши галстук боис шуд. Мувофиқи маълумоти дигар, бори аввал шоҳи Фаронса Луиз XIII як порча матоъро ҳамчун қисми либоси расмӣ ба гарданаш мебандад ва аз ҳамин ҷо галстук пайдо шуда, аввал дар Аврупо сипас дар саросари дунё паҳн мешавад.

4 навъи машҳури галстук

1.Галстуки Four in hand соли 1850 дар Британия пайдо гардидааст. Ин навъи галстук бештар дар чорабиниҳои расмӣ истифода мешавад. Мувофиқи маълумотҳои этимологӣ мафҳуми Four in hand аз номи маҳфили мардона дар Лондон гирифта шудааст.

 2.Галстуки The Seven Fold tie яке аз қадимтарин навъи галстук ба шумор рафта, асри 17 дар Фаронса пайдо гардидааст. Ин навъ бештар дар ҷойи кор ва чорабиниҳои махсуси расмӣ истифода мешавад. Арзишаш аз сифати матоъ вобаста аст.

  1. Галстуки Skinny Necktie солҳои 50 — 60 асри гузашта аз гурӯҳи сарояндагон британиёи Beatles пайдо гардидааст. Чандон расмӣ набуда бо либоси ҷинс низ ба бар карда мешавад. Маънои «Skinny Necktie» галстуки борик аст.
  2. Галстуки Bowtie асри 17 дар Фаронса пайдо гардидааст. Зархаридони хорватӣ порчаи аз матоъро барои ҷамъ кардани гиребони курта дар гарданашон мебастанд ва ин навъи галстук аз ҳамин ҷо пайдо гардид. Баъдан аз соли 1880 дар муд машҳур гардид. Навъи галстуки расмӣ буда, дар корхона ва чорабиниҳои махсус истифода мешавад.

Дар ҷаҳон 18-уми октябр ҳамасола ҳамчун рӯзи галстук қайд мешавад. Таҷлили ин рӯз аз Хорватия пайдо гардидааст. Дар ин рӯз когарон, устодон ва донишҷӯён беҳтарин навъи галстукро мепӯшанд.

Галстукпӯшӣ қариб дар ҳама кишварҳо мушоҳида мешавад. Бархе онро барои зебо намудор шудан, бархе иҷборӣ, бархе аз рӯйи оддат ба гардан меовезанд.

Дар Тоҷикистон аксари ҷавонон ҷиҳати иҷрои талаботи муассисаҳои таълимӣ ва гурӯҳи дигар дар коргоҳ мепӯшанд.

Аксарият ба гардан овехтани галстукро ҳамчун талабот қабул кардаанд. Бо мақсади дарёфти ақидаи ҷавонон ба суоли «Пӯшидани галстук чиро нишон медиҳад?» ба ҷавонон муроҷиат карда чунин посух гирифтем:

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Тоҷикистон мехоҳад партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2035-ум 40% коҳиш диҳад

Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2035 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба соли 1990 то 15 дарсад коҳиш...

300 миллион кӯдак ба бозиҳои интернетӣ машғуланд

Save the Children дар таҳиқоқит нави худ мегӯяд, кӯдакон дар соҳаи киберспорт бо фишори равонӣ ва таҳдидҳои интернетӣ рӯ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад