МУВАФФАҚИЯТЗеҳни сунъӣ ба беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон баҳои баланд нагузоштааст

Зеҳни сунъӣ ба беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон баҳои баланд нагузоштааст

-

Беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон Магнус Карлсен бо ChatGPT бозӣ кард ва натиҷаро ба ҷомеа қисса кард.

Беҳтарин шатранҷбози ҷаҳон Магнус Карлсен дар бораи бозии худ бо чат-боти ChatGPT нақл кард, ки ба гуфтаи ӯ ин бозиро ҳангоми сафар оғоз кардааст. Гроссмейстери норвегӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ скриншотҳои мукотибаро нашр кард, ки аз онҳо маълум мешавад: ӯ бо бартарии комил пирӯз шудааст.

Зеҳни сунъӣ (ИИ) баъди бозии беш аз 50 ҳаракат мағлубияти худро эътироф кардааст. Чат-бот қайд кардааст, ки таслим мешавад, зеро, ҳамаи пиёдаҳояшро аз даст додааст, дар ҳоле ки рақибаш ҳеҷ як муҳраро набохтааст.

Пас аз анҷоми бозӣ, Карлсен худро ошкор накардааст, ки кист, аз зеҳни сунъӣ суол кардааст, ки  сатҳи бозии ӯро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунад. Дар ҷавоб, ChatGPT услуби бозии рақибро таҳлил намуда, фаҳмиши амиқи дебют, сабру таҳаммул дар мавқеъгирӣ, дониши тактикиро қайд кардааст. ИИ ҳамчунин зикр намудааст, ки бозигар ҳаракатҳои нодурустро зуд муайян мекард.

Нуқтаи авҷи ин мукотиба баҳогузории ниҳоии чат-бот буд. Зеҳни сунъӣ тахмин задааст, ки рейтинги классикии рақиб дар доираи 1800–2000 хол қарор дорад. Ин баҳогузорӣ аз нишондиҳандаҳои воқеии Карлсен ба таври чашмгир фарқ мекунад, зеро рейтинги ҳозираи ӯ 2839 аст.

Магнус Карлсен аз соли 2011 то имрӯз пайваста дар зинаи аввали рейтинги ҷаҳонии шатранҷ қарор дорад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад