МУВАФФАҚИЯТЗиндагии аҳлонаи миллату қавмҳои гуногун дар Темурмалик

Зиндагии аҳлонаи миллату қавмҳои гуногун дар Темурмалик

-

Ноҳияи Темурмалик, ҳарчанд расман соли 1930 ташкил шуд, агарчи таърихан бо номҳои гуногун вуҷуд дошт. Ҳанӯз дар асрҳои 8- 9 мавзеи имрӯзаи ноҳия ба номи Сайлакон ёд шудааст. Дар китоби бисёр қадима, аммо беноми “Ҳудуд – ул – олам” ин ном зиёд зикр гашта, далели таърихӣ будани онро мекунад. Аз рӯи нишондиҳандаҳои таърихӣ ва нақли шифоҳии одамон маркази ҳозираи ноҳия дар гузашта бо номҳои Сайргоҳ, Селакон, Селбур, Селгоҳ, Селборон, Селбар, Селгузар ва дар бархе ҷойҳои дигар ҳамчун Баҳманрӯд машҳур будааст. Вале бо мурури замон тибқи маълумоти таърихӣ бо омадани муғулҳо ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Хатлон ҳамқавмии этникии халқҳо рушд меёбад ва деҳа, кӯҳҳо, чашмаву дарёҳо тағйири ном мекунанд. Дар замина, ҳарчанд қисме аз деҳаҳои ин ноҳия ҳоло ҳам номҳои туркӣ – ӯзбекӣ доранд, аммо сокинон аксаран ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд.

Ин ҳама маънои аҳлона ва дӯстона зиндагӣ кардани халқҳои гуногун дар як минтақаро дорад. Махсусияти ин давра он аст, ки мардум ҳамагӣ пайравӣ аз дини ислом мекарданд.

Нишонаҳои ба ин минтақа омадани намояндаи динҳои дигар ба замони ташкил шудани СССР бармехӯрад. Дар адабиёти таърихӣ мехонем, ки солҳои 20 уми асри 20 – замони ҳуҷуми Армияи сурх ба ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, ба ин минтақа русҳо ҳам меоянд ва дар ҳудуди деҳаҳои Ҷорубқулу Қизилмазор гарнизони ҳарбӣ мекушоянд. Андактар, бо  таҳким ёфтани давлати шӯравӣ дар Тоҷикистон, шумораи русзабонҳо ҳам дар ин ҷо афзоиш меёбад, ки пайрави дини насронӣ буданд. Вале он замон мардуми маҳаллӣ аз онҳо парҳез мекарданд, онҳоро қабул надоштанд.

Аммо баъд заруратҳое пеш омад, ки ҳамзистии осоиштаро тақозо менамуд. Гуфта мешавад то соли 1924 дар Темурмалики имрӯза ягон муассисаи тиббӣ набудааст. Беморонро аксаран фелдшерони ҳарбӣ ва санитарҳои саҳроии низомии гарнизони полк, ки русҳо буданд, ба табобат фаро мегирифтанд. Аммо ин ҳам ба осонӣ даст намедод. Зеро одамон аз омадан ба пеши табибон ҳазар мекарданд. Таассубу нодонӣ то ҳадде буд, ки мегуфтанд, тани мусулмон бо расидан ба доруи кофирон ҳаром мешавад. Ин корро душманони сохти нав ҳам бо ҳар тарз овоза мекардаанд.

Баъдан, солҳои 1930 -35 дар ҳудуди ноҳия бемориҳои сироятии гул, сурхча, кабудсулфа, табларза, домана, сил авҷ гирифт, ки одамони зиёде ҳалок шуданд. Дар натиҷа, духтурони зиёди русзабон ба ноҳия омада, ба табобати одамон машғул шуданд. Барои табобати одамон намояндагони халқҳои гуногун, аз ҷумла русу украин, қазоқу туркман ва дигарон саҳми муносиб гузошта, онҳо дар рушдми соҳаи тиб саҳми арзанда гузоштанд.

Феълан соҳаеро ном бурдан мумкин нест, ки дар он саҳми намояндагони халқу миллатҳои дигар набошад. Дар роҳбарияти ноҳия низ замони шӯравӣ ғайритоҷику ғайримусулмонҳо кам набуд. 

Ҳамин тавр, ноҳияи Темурмалик ба як ноҳияи аҳолиаш гуногунмиллат табдил ёфт. Дар ин ҷо акнун намояндагони динҳои гуногунро ҳам вохӯрдан мумкин буд. Аммо дигар мардум онҳоро “кофар” намегуфтанд ва аз онҳо парҳез намекарданд.   

Тибқи иттилои мудири шӯъбаи дин, танзиму анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Худойназаров солҳои шӯравӣ дар ҳудуди ноҳия зиёда 140 оилаи насронӣ зиндагӣ мекард, аммо ин барои кушодани ибодатгоҳи хос ба онҳо басанда набуд:

Албатта онҳо дар ибодат ва иҷрои рукнҳои милливу фарҳангӣ озод буданд. Аммо барои ибодат ва ҷашн гирифтани рӯзҳои фарҳангии худ бештар ба шаҳри Кӯлоб мерафтанд. Зеро дар он ҷо барои намояндагони ҳамаи насрониҳои минтақаи Кӯлоб ибодатгоҳ ташкил карда буданд. Зимнан, ҳоло ҳам, мақомоти маҳаллӣ дар ҳолате барои намояндагони дину оинҳои гуногун ибодатгоҳ ташкил мекунад, шароити мусоид фароҳам меорад ва бехатариашонро таъмин менамояд, ки агар теъдоди онҳо аз 200 нафар кам набошад.

Ҳоло бошад теъдоди пайравони дини насронӣ ангуштшумор аст. Ҳатто аксари онҳое, ки замони шӯравӣ омада ин ҷо зиндагӣ мекарданд, ё ба шаҳру кишварҳои дигар рафтаанд, ё бо мардуми маҳалли издивоҷ намуда, худу фарзандон бештар пайрави дини ислом шудаанд. Аммо барои онҳое, ки дар дину оини худ содиқанд, ҳеҷ мушкили хос вуҷуд надорад.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон озодии инсон ва шаҳрванд нисбат ба интихоби дин, инчунин ба ҷо овардани маросими динӣ кафолат дода шуда, иттиҳодияҳои динӣ дар доираи низоми дохилии парастишӣ ва ғайрипарастишии худ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, фаъолият менамоянд.

«Бо дар назар доштани он ки аксари мутлақи аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳангоми татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин албатта ба масъалаи танзими фаъолияти иттиҳодияҳои динии дорои эътиқоди исломӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аммо ҳукумат барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни пайравони иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун мусоидат намуда, ба зуҳуроти таассуб, хурофот ва ифротгароӣ дар фаъолияти онҳо роҳ намедиҳад.», — мегӯяд мудири шуъбаи Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Бобоев.

Ӯ ҳамзамон илова мекунад, ки 4 уми апрели соли 2018 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” тасдиқ шудааст ва ҳадафи он муқаррар намудани дурнамои дарозмӯҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Дар ин замина, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ғанӣ Сафаров мегӯяд ноҳияи Темурмалик аслан рамзи дӯстиву таҳаммулпазирист:

«Зеро ноҳия аз ибтидо дар пояи дӯстиву таҳаммулпазирӣ ташкил шудааст ва солҳову қарнҳо боз одамон бо ҳам дӯстонаву аҳлона дар паҳлӯи ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҷавонони ноҳия низ бояд ин рукни муҳимро идома бидиҳанд ва ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он ифтихори мову ҳамаи тоҷикистониён бошанд. Онҳо бояд бо намояндагони дигар халқу миллат ва динҳо тавре муносибат кунанд, ки дигарон аз тоҷику мусалмон будани мо ҳаловат баранд ва донанд, ки дар якҷоягӣ инсоният ба корҳои муҳим даст зада метавонад. Ҳатто корҳоеро анҷом медиҳанд, ки шояд дар аввал боварнокарданӣ намояд.», — мегӯяд ӯ.

Шералӣ Давлатов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Розия натанҳо намоди ҷасорат, балки умед барои ҳамтақдиронаш гардидааст

Дар гузашта таҳсил орзуи дастнорас барои Розия Бобоева буд. Ҳоло ӯ натанҳо донишҷӯ, балки омӯзгори илҳомбахши насли оянда аст....

Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА

Дар раддабандии нави тимҳои миллӣ, ки имрӯз, 28 ноябр дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нашр шуд, мунтахаби...

23 муроҷиат ба комиссияи апеллятсионии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 7-уми ноябр оғоз ёфта то 21-уми ноябр идома кард....

Палатаи поёнии Австралия кӯдаконро аз шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум кард

Дар Австралия шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон манъ карда мешаванд. Палатаи поёнии парлумони Австралия мамнӯъияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-соларо...
spot_imgspot_img

Тасвири тарҳи Samsung Galaxy A56 расонаӣ шуд

Тарҳи смартфони Samsung Galaxy A56 расонаӣ гардид. OnLeaks онро нашр кард. OnLeaks бо портали Android Headlines тасвирҳои смартфони Samsung Galaxy...

Tech Jam 2024. Зикри дастовардҳо ва камбудиҳо

Форуми минтақавии “Tech Jam 2024” бо ҳадафи рушди бахши IT дар Тоҷикистон, ҳавасмандкунӣ ва дастгирии ҷавонон дар соҳаи технологияҳои...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад