Без рубрикиРусия ба Эрон нерӯҳои низомӣ мефиристад ё не?

Русия ба Эрон нерӯҳои низомӣ мефиристад ё не?

-

Дар Кумитаи мудофиаи  Думаи давлатӣ (Маҷлиси поёнии парлумони Русия) ба савол дар бораи он, ки оё Русия барои кумак ба Эрон дар чорчӯби Созишномаи шарикӣ дар бораи ҳамкории стратегии ҳамаҷониба, ки онро президентҳои Русия ва Эрон — Владимир Путин ва Масъуд Пезешкиён моҳи январ имзо карда буданд, нерӯҳои низомӣ мефиристад ё не, посух доданд.

Дар палатаи поёнии парлумони Русия дар робита ба ин масъала ёдовар шуданд, ки бо пешниҳоди ҷониби Эрон, ҳамаи банди марбут ба ҳамкориҳои низомӣ аз ин созишнома ҳазф шудаанд.

«Бинобар ин, интизори ирсоли корпусҳои экспедитсионии Русия ба Эрон набошед», — оварда мешавад сухани намояндаи Кумитаи мудофиа дар сомонаи News.ru.

Ҳамзамон, дар Думаи давлатӣ ишора карданд, ки эҳтимол дар дигар бахшҳо, аз ҷумла соҳаҳои наздик ба низомӣ ҳамкориҳо тақвият хоҳанд ёфт.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Конститутсия — роҳнамои мо ба сӯи ҷомеаи ҳуқуқбунёд!

Конститутсия танҳо маҷмӯи моддаву меъёрҳои ҳуқуқӣ нест. Он санадест, ки ҳуқуқу озодиҳои моро ҳифз мекунад ва масъулияти ҳар яки...

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....
spot_imgspot_img

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад