ОЛАМИ МАҶОЗӢҚатъи ногаҳонии интернет дар Кореяи Шимолӣ

Қатъи ногаҳонии интернет дар Кореяи Шимолӣ

-

Шаби 7 июн ба 8-уми июн Кореяи Шимолӣ бо қатъии васеъи интернет рӯбарӯ шуд, ки то чанд соат дастрасӣ ба захираҳои онлайн-и асосии давлатӣ ва иҷтимоиро фалаҷ кард. Сомонаҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла портали Вазорати корҳои хориҷӣ, инчунин саҳифаҳои ширкати ҳавоии миллӣ Air Koryo ва оҷонсиҳои расмии хабарӣ дастрас набуданд. Мувофиқи маълумоти Рейтерс, дастрасӣ танҳо то нимаи рӯзи 8 июн муяссар шуд.

Муҳаққиқи бритониёӣ Ҷунад Алӣ, ки дар назорати фаъолияти интернетии Кореяи шимолӣ ихтисос дорад, хабар дод, ки тамоми инфрасохтори рақамии кишвар муваққатан дар низоми назоратии ҷаҳонӣ намоён набуд.

Аксари шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ танҳо ба шабакаи интернети миллӣ дастрасӣ доранд, ки аз шабакаи умумиҷаҳонӣ ҷудо шудааст. Дастрасии озод ба шабакаи ҷаҳонӣ танҳо ба гурӯҳи маҳдуди мансабдорон ва намояндагони ҳукумат дастрас аст.

Қатъи интернет дар гузашта якчанд маротиба бо ҳамлаҳои сиберӣ  иртибот дода шуда буд. Ин дар ҳолест, ки Кореяи Шимолиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гурӯҳҳои машҳури ҳакерии Lazarus-ро ҳимоят мекунад. Ин гурӯҳро ба ҳамлаҳои сайберӣ ба муассисаҳои молии байналмилалӣ ва дуздиҳои калони криптоасъор айбдор мекунанд. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад